НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2023 беш аз 200 ҳазор меҳмонони хориҷӣ ба шаҳри Душанбе омадаанд

Февраль 16, 2024 13:32

ДУШАНБЕ, 16.02.2024. /АМИТ «Ховар»/. Соли гузашта 229 ҳазор меҳмонони  хориҷӣ  ба шаҳри Душанбе омадаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 37 ҳазор ё 19 фоиз зиёд мебошад. Дар ин хусус имрӯз муовини аввали Раиси шаҳри Душанбе Ҷамшед Табарзода зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.

«Зиёд шудани шумораи сайёҳон далели  он аст, ки солҳои охир Душанбе ба яке аз шаҳрҳои амну осоишта ва бехатар табдил ёфтааст.  Аз ҷумла, таҳлили фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ оид ба ҳолати ҷинояткорӣ дар ин давра нишон медиҳад, ки шумораи умумии ҷиноятҳои сабтшуда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 222 адад ё 5 фоиз кам мебошад»,- гуфт Ҷамшед Табарзода.

Ҳамзамон дар ҷараёни нишасти матбуотӣ гуфта шуд, ки давоми солҳои охир бо мақсади ободу зебо намудан ва фароҳам овардани шароити мусоид барои сокинону меҳмонони пойтахт бо ташаббуси шаҳрдорӣ тадбирҳои нав рӯи кор омаданд.

Дар айни замон дар доираи нақшаи генералии шаҳр бунёди зиёда аз 407 иншооту бинои таъйиноти гуногун амалӣ мешавад. Соли 2023 дар доираи нақша 11 муассисаи таълимӣ, 7 муассисаи тандурустӣ, 20 коргоҳу корхонаи саноатӣ, 4 бинои маъмурӣ, 53 иншооти баландошёна бо ҷойгиронии 38 маркази хизматрасонӣ, 3 тарабхона, 3 иншооти варзишӣ сохта шуда, таъмири 63 нуқтаи партовпартоӣ ва рангубори 216 бинову иншоот бо таъсиси 4250 ҷойи кори нав анҷом дода шуд.

Дар айни замон дар 12 иншооти роҳсозӣ бо дарозии 24,9 километр ва 2 иншооти ирригатсионӣ бо дарозии 3,33 километр, инчунин дар 34 истгоҳи нақлиётии замонавӣ корҳои сохтмонӣ бо маром идома доранд.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 16, 2024 13:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рӯзи Президент дар пойтахт дар сатҳи баланди ташкилӣ таҷлил мешавад
Бо мақсади тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба Чин сафар намуд
Қарори Раиси шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва таҷлили Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд