НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2023 варзишгарони Тоҷикистон барои дастовард сазовори беш аз 700 медал шуданд
ДУШАНБЕ, 12.02.2024. /АМИТ «Ховар»/. Соли 2023 варзишгарони тоҷик дар мусобиқаҳои байналмилалӣ фаъолона иштирок намуда, ба хазинаи варзишии мамлакат беш аз 700 медал ворид намуданд. Чунин иброз намуд Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфиқор Гулаҳмадзода имрӯз зимни нишасти матбуотӣ.
«Ба мамлакат аз ин мусобиқаҳои олимпӣ ва ғайриолимпии аз ҷониби Шурои олимпии Осиё эътирофшуда 343 медал, аз ҷумла 108 тилло, 76 нуқра ва 159 биринҷӣ ва аз намуди дигари ғайриолимпӣ 358 медал ворид шуд, ки 95 медал тилло, 112 адад нуқра ва 151 медал биринҷӣ мебошад», — изҳор дошт Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш.
Аз шумораи умумии медалҳои ба дастовардаи варзишгарони мамлакат 2 медали тилло, 1 нуқра ва 4 биринҷӣ аз Бозиҳои Осиёӣ, 1 медали тилло, 3 нуқра ва 9 биринҷӣ аз Бозиҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, 47 медали тилло, 46 нуқра ва 72 биринҷӣ аз чемпионатҳои ҷаҳон, 24 медали тилло, 33 нуқра, 54 биринҷӣ аз чемпионатҳои Осиё, 16 медали тилло, 14 нуқра, 19 биринҷӣ аз ҷоми Ҷаҳон, 12 медали тилло, 12 нуқра ва 5 биринҷӣ аз мусобиқаҳои байналмилалии Гранд-Слам, Гранд-При, Мастерс ва дигар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ мебошанд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2022 153 медал зиёд мебошад.
Ҳамзамон гуфта шуд, ки дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ бо шарофати дастоварди варзишгаронамон 701 маротиба Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баланд бардошта шуда, 203 маротиба Суруди миллӣ ба хотири дастоварди онҳо дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ садо додааст.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Паҳлавонони Тоҷикистон дар Мусобиқаи байналмилалии «Zagreb Grand Prix» оид ба гӯштини ҷудо иштирок менамоянд
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад






