НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Тоҷикистон ба баргузории Конфронси сеюми Душанбе омодагии ҷиддӣ мебинад
ДУШАНБЕ, 16.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба талошҳои ҳамгироёна дар ҳалли масъалаҳои обу иқлим дар доираи Созмони Милали Муттаҳид (СММ), аз ҷумла ташкили Конфронси сеюми Душанбе оид ба татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028», ки 10-13 июни соли 2024 доир мешавад ва татбиқи Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, ки бо ташаббуси Тоҷикистон аз ҷониби Маҷмаи умумии СММ эълон гардид, омодагии ҷиддӣ мебинад. Ин нуктаро 16 феврал Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин зимни нишасти матбуотӣ иброз намуд.
Ба гуфти Сироҷиддин Муҳриддин, Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба шарҳи фарогири миёнамуҳлати ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» — рӯйдоди муҳими марҳилаи ҳисоботӣ на танҳо дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон, балки дар арсаи байналмилалӣ ба ҳисоб меравад, ки аз оғоз бо ибтикори Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Шоҳигарии Нидерланд тарҳрезӣ шуда, 22-24 марти соли 2023 бо иштирок ва суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Ню-Йорк баргузор гардид.
«Зимнан, даъвати Пешвои миллат аз ҷомеаи ҷаҳонӣ ва пешниҳодҳои созанда ҷиҳати ҳалли саривақтии мушкилоти обу иқлим, ки аз умдатарин масъалаҳои глобалӣ ба шумор мераванд, инчунин доир намудани намоишгоҳу чорабиниҳои фарҳангии бозгӯи таъриху тамаддуни антиқии миллати тоҷик дар Ню-Йорк, бе баҳс боиси боз ҳам болоравии обрӯ ва нуфузи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ гардид», — гуфт Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Лайло ТОИРӢ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд
Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Ветнам баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатии Кувайт дар умури ҷавонон ва варзиш мулоқот кард
Дар Сеул Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Намояндаи Тоҷикистон дар брифинги Конвенсия оид ба ботлоқзор дар Женева иштирок намуд






