ҶОМИ ОСИЁ-2023. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозӣ бо тими миллии Урдун омодагӣ мегирад
ДУШАНБЕ, 01.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба бозии даври чорякниҳоии Ҷоми Осиё-2023 бо тими миллии Урдун омодагӣ мегирад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.
Баъди як рӯзи истироҳат дастаи яккачини Тоҷикистон дар Давҳа ба тамрин шуруъ намуд. Машқҳои даста дар маркази тамринии «Al Ersaal» баргузор шуданд.
Ҳамаи бозингароне, ки ба дастаи мунтахаби Тоҷикистон дохил ҳастанд, дар гурӯҳи умумӣ тамрин намуданд. Нимҳимоятгар Амадонӣ Камолов ба далели корти сурхе, ки дар бозӣ бо дастаи мунтахаби Қатар гирифта буд, аз ҳаққи ширкат дар 3 вохӯрӣ маҳрум аст ва дар бозӣ ба муқобили тими Урдун ба майдон намебарояд.
ҶОМИ ОСИЁ-2023
Чорякниҳоӣ
2 феврал (ҷумъа)
Оғоз – соати 16:30 бо вақти Душанбе
ТОҶИКИСТОН – Урдун
Давҳа, варзишгоҳи Аҳмад бин Алӣ
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон










Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд






