«ҶОМИ РУШД-2024». Иштироки дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) дар ин мусобиқа ба анҷом расид

Февраль 26, 2024 11:14

ДУШАНБЕ, 26.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи наврасони Тоҷикистон (U-16) оид ба футбол дар доираи омодагӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2025 дар мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми рушд-2024» дар шаҳри Минск иштирок намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Дар марҳилаи гурӯҳии мусобиқа дастаи мунтахаби Тоҷикистон (U-16) се бозӣ анҷом дода, аз дастаҳои Беларус (0:3), Русия (1:6) ва Қазоқистон (0:2) шикаст хӯрд.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар бозӣ барои ҷойи ҳафтум бар тими наврасони Озарбойҷон бо ҳисоби 3:1 пирӯз шуда, мусобиқаро бо пирӯзӣ ҷамъбаст намуд.

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Февраль 26, 2024 11:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Мирзобек Умаров ва Отабек Раҷабов дар Бозиҳои Осиёӣ-2026 аввалин медалҳои тиллоро соҳиб шуданд
Се варзишгари Тоҷикистон ба финали мусобиқаи ММА дар Бозиҳои Осиёии Ҷопон роҳ ёфтанд
Варзишгари тоҷик Беҳрӯз Умаров дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Қазоқистон соҳиби медали тилло гардид
Рамазон Ҷумаев ва Анӯшервон Назарзода соҳиби унвони қаҳрамони Ҷоми ҷаҳон оид ба самбо дар шаҳри Душанбе гардиданд
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозиҳои дӯстона бо дастаҳои Озарбойҷон, Фаластин ва Чин муайян гардид
Душанбе маротибаи дуюм мизбони Ҷоми ҷаҳон оид ба самбо мегардад
Варзишгари тоҷик Ҷаҳонгир Камолов дар Мусобиқаи байналмилалии Ҷоми АвруОсиё соҳиби медали тилло шуд
Дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон бо варзишгарон-шиноварони Тоҷикистон вохӯрӣ доир гардид
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Нуробод иншооти нави таълимӣ, варзишӣ ва хизматрасонӣ ифтитоҳ гардид
Варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои XX Осиёӣ иштирок менамоянд
Дар Олмон бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон мусобиқаи муштараки футбол доир шуд
Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис барои дарёфти «Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» оғоз гардид