Осоишгоҳи кӯҳии сайёҳии «Ябули»-ро 410,9 ҳазор нафар тамошо намуданд
ДУШАНБЕ, 01.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Осоишгоҳи сайёҳии кӯҳии «Ябулӣ» дар пешкӯҳи ғарбии қисми марказии кӯҳҳои Чжангуантсай дар қаторкӯҳҳои Чанбайшан ҷойгир мебошад. Он бо номи «Дарвозаи барфии Чин» маъруф аст, зеро дар ин ҷойҳо дар як сол то 170 рӯз барф меборад. Дар ин ҷо 25 чорабинии байналмилалии варзишӣ ва зиёда аз 350 мусобиқаи варзишии сатҳи миллӣ баргузор гардид, ки дар он варзишгарони болаёқати зиёд иштирок намуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба агентии иттилоотии «Синхуа» хабар медиҳад.
Имсол дар «Ябулӣ» зиёда аз 50 чорабинии гуногун гузаронида шуд, ки ба шарофати он ин истироҳатгоҳ боз ҳам шуҳрат пайдо намуд. Дар айни замон ба ин ҷо дӯстдорони лижаронӣ аз тамоми гӯшаву канори Чин омада, таҷриба меомӯзанд.
Қобили тазаккур аст, ки Бозиҳои зимистонаи осиёии соли 2025 дар шаҳри Ҳарбин (маркази маъмурии музофоти Хэйлунҷзян, шимолу шарқи Чин) баргузор мешаванд ва осоишгоҳи лижаронии «Ябулӣ» ба яке аз майдонҳои асосӣ барои баргузории мусобиқоти дахлдор табдил меёбад.
АКС: «Синхуа»








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






