«ОТАШИ ҶАШНИ САДА ОТАШИ МЕҲРИ ВАТАН АСТ». Таҳти ин унвон дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ҳамоиши илмӣ-назариявӣ доир шуд

Февраль 1, 2024 16:03

ДУШАНБЕ, 01.02.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи давлатии  Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бахшида ба ҷашни Сада таҳти унвони «Оташи ҷашни Сада оташи меҳри Ватан аст» ҳамоиши илмӣ-назариявии ҳайати устодон, докторантони PhD ва магистарнтон баргузор гардид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар ин донишгоҳ.

Иброз гардид, ки арҷгузорӣ ба расму оин ва ҷашнҳои миллӣ вазифаи аввалиндараҷаи ҳар шаҳрванди Тоҷикистон мебошад. Сада яке аз ҷашнҳои қадимии миллати тоҷик буда, ҳамасола дар саросари Тоҷикистон бо шукуҳи хосса таҷлил мешавад. Абулқосим Фирдавсӣ дар «Шоҳнома» пайдоиши ҷашни Садаро ба подшоҳи дуюми пешдодӣ- Ҳушанг нисбат медиҳад. Мувофиқи нигориши ӯ, «Ҳушанг ба мардум тарзи афрӯхтани оташро омӯзонид ва ҷашни Садаро бунёд гузошт».

Мояи ифтихору хушнудӣ аст, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашнҳои муқаддаси миллӣ, аз қабили Наврӯз, Сада, Меҳргон ва Тиргонро идҳои миллии ҳувиятсози мо эълом доштаанд. Дар ҳақиқат барои зиндаву поянда доштани ин ҷашнҳо, ки дар роҳи худогоҳии миллӣ аҳамияти хосса доранд, фарзонагону донишмандони мо дар ҳар давру замон хизмати  фаровон намудаанд”.

Моро зарур аст, ки ҷиҳати арҷгузорӣ ба фарҳангу тамаддуни миллӣ дастуру супоришҳои Сарвари давлатро сармашқи кор қарор дода, дар амалӣ намудани сиёсати фарҳангпарваронаи Президенти Тоҷикистон саҳм гузорем.

АКС: Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Февраль 1, 2024 16:03

Хабарҳои дигари ин бахш

ҶАШНИ САДА МЕРОС АЗ НИЁГОНИ МО АСТ. Таҳти ин унвон дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
ИДИ САДА ДАР СУҒД. Як зумра кишоварзони вилоят барои дастоварҳои назаррас дар соҳа ҳавасманд гардонида шуданд
Сада таҷассумгари анъанаҳои миллӣ мебошад
Суратгузориши АМИТ «Ховар» аз ҷараёни таҷлили ҷашни Сада дар шаҳри Душанбе
Президенти Тоҷикистон: «Дар шароити ҷаҳонишавӣ мо бояд арзишҳои миллии худро ҳифз намоем»
Эмомалӣ Раҳмон: «Таъкид месозам, ки ҳар оилаи мамлакат бояд ба муҳлати то ду сол захираи маводи зарурии ғизоӣ дошта бошад»
Сарвари давлат Садаро рамзи пирӯзии гармиву нур бар сардӣ ва торикӣ номиданд
«САДА ҶАШНИ МУЛУКИ НОМДОР АСТ». Имрӯз дар Душанбе ҷашни Сада бо шукуҳу шаҳомат таҷлил гардид
Эмомалӣ Раҳмон: «Сада моҳиятан тақвими чиллашуморӣ аст»
ҶАШНИ САДА ВА ЭҲЁИ ОН ДАР ЗАМОНИ ИСТИҚЛОЛ. Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Ҷашни Сада яке аз ойинҳои басе деринаи мардуми тоҷик мебошад
Иди Сада дар Тоҷикистон ҳамасола бо намоиши техникаву таҷҳизот ва маҳсулоти кишоварзӣ таҷлил карда мешавад