ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН-ПАЙКИ САОДАТОВАР. Он омили пешрафти ҷумҳурӣ ва таъмини зиндагии арзанда барои мардум аст

Февраль 22, 2024 11:35

ДУШАНБЕ, 22.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ибтидои Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин иброз доштанд: «Соли 2023 барои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷмуъ соли бобарор буд». Ин нуктаи муҳим моро водор месозад, ки ҳама рӯйдодҳои соли 2023-ро дар зеҳни хеш равшан намуда, бо таҳлилу баррасии амиқ дарк намоем, ки ин сол, воқеан ҳам барои мардуми шарифи мо соли пурфайзу бобаракат буд. Ин ҳам дар ҳоле аст, ки вазъи ҷаҳони муосир ҳар лаҳза тағйир ёфта, гурӯҳҳои манфиатдор бо корбурд аз василаҳои гуногун саъй доранд бо эҷоди вазъи ноором  ҳадафҳои нопокашонро амалӣ намоянд.

Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳама соҳаҳои хоҷагии халқ таҳлилу баррасӣ гардида, дастовардҳо ва нақшаву дурнамои фаъолият ба таври мушаххас нишон дода шуданд. Муҳайё намудани ҳаёти осоишта ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум аз ҳадафҳои умдаи давлат ва Ҳукумати мамлакат ба шумор меравад. Маҳз тадбирандешии саривақтӣ аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ буд, ки сатҳу сифати зиндагии мардуми мо сол ба сол беҳтар мегардад. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳар сокини ҷумҳуриро дилпур менамояд, ки ин раванд минбаъд низ идома ёфта, баҳри зиндагии боз ҳам шоистатар заминаи воқеӣ гузошта мешавад.

Президенти ҷумҳурӣ вобаста ба масъалаи мавриди назар таъкид намуданд, ки барои анҷом додани амалкарди муносиб дар ин самт Ҳукумати мамлакатро зарур аст, ки пешрафти устувори минбаъдаи иҷтимоиву иқтисодии ҷумҳуриро нигоҳ дошта, соли 2024 суръати рушди иқтисодиро дар сатҳи назаррас таъмин намояд.

Дастгирии табақаҳои осебпазири аҳолӣ ҳамеша дар мадди назари давлат ва Ҳукумати мамлакат қарор дорад. Сол ба сол ҳаҷми нафақа, кумакпулӣ, ҷубронпулиҳо, таҳкими фаъолияти муассисаҳои ҳифзи иҷтимоӣ ва уҳдадориҳои дигар меафзояд. Соли 2023 низ ин раванд идома ёфта, ба ин самт 4,3 миллиард сомонӣ равона шуд. Бо мақсади таъмини минбаъдаи шароити мусоиди зиндагии ин қишри ҷомеа Президенти мамлакат дар Паём ба Маҷлиси Олӣ ишора намуданд, ки «то охири соли 2024 ба шаҳрвандони эҳтиёҷманди ҷумҳурӣ, аз ҷумла кӯдакони ятим ва бесаробон, маъюбон, оилаҳои камбизоат ва гирандагони нафақаи иҷтимоӣ кумаки молиявӣ пардохт шавад ва бо ин мақсад маблағҳои фонди президентӣ мавриди баррасӣ қарор дода шаванд».

Яке аз масъалаҳои муҳиме, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ба он ишора гардид, ин мақом ва ҷойгоҳи зан-модар дар ҷомеа мебошад. Маълум аст, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ ҷиҳати ҷалби духтарон ба таҳсил ва соҳибмаълумот гардондани онҳо тадбирҳои назаррасу бесобиқа андешида шуданд. Имрӯз соҳае нест, ки  занону  духтарони мо  дар  он  фаъолият накунанд. Бешак, дар даврони соҳибистиқлолӣ мақоми занон дар ҷомеа боло рафт ва ҳамасола ҷиҳати ҷалби онҳо ба корҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд. Президенти ҷумҳурӣ занонро дар ҷомеа қувваи бузург арзёбӣ  намуда, чунин таъкид намуданд: «Мо тасмим дорем, ки ҷалби занонро ба корҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ минбаъд низ густариш бахшем, зеро онҳо дар ҷомеаи мо қувваи бузург мебошанд ва мо ба неруву ташаббусҳои онҳо ҳамеша эътимод дорем. Мо ба нақши зан-модар, ки мавҷуди муқаддас мебошад, ҳамеша арҷ мегузорем, чунки ӯ насли инсонро ба вуҷуд меоварад, тарбия менамояд ва ба камол мерасонад».

Зимнан, Президенти мамлакат ба вазъи ноороми ҷаҳон таваҷҷуҳ намуда, бори дигар ҳушдор доданд, ки таъсири манфии бархӯрдҳои геосиёсӣ, низоъҳои тиҷоратӣ, пайомадҳои тағйирёбии иқлим ба иқтисоди мамлакатҳо шиддат гирифта, оғози марҳалаи «ҷанги сард» муносибатҳои иқтисодиву тиҷоратии байни давлатҳоро халалдор намуд. Таъкид гардид, ки  гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ бо корбурд аз технологияҳои муосири иттилоотӣ ва бо истифода аз роҳу василаҳои мухталиф барои гумроҳсозии  ҷавонони ноогоҳ ва ҷалби онҳо ба сафҳояшон пайваста талош менамоянд. Аз ин рӯ, ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супориш дода шуд, ки дар самти ошкор ва пешгирӣ намудани хавфу хатарҳои террористиву экстремистӣ фаъолияташонро ҳамоҳанг созанд.

Воқеан ҳам, ин масъала хеле нигаронкунанда аст ва набояд касеро бетараф гузорад. Зеро тафаккури ифротӣ, гурӯҳҳои ифротгаро ва созмонҳои террористӣ барои амнияти ҷомеаи башарӣ хатари бузург эҷод менамоянд. Ҳамин аст, ки хушбахтона, дар мамлакати мо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо ҷалби дигар ниҳодҳо бо додани баҳои дуруст ба ин хатар ҷиҳати пешгирии гароиши ҷавонон ба чунин ҳизбу ҳаракатҳои тундрав талошҳои ҷиддӣ намуда, дар самти таъмини амнияти давлату сокинон тадбирҳои саривақтӣ меандешанд. Бо вуҷуди ин, ҳанӯз ҳам ҷиҳати тақвияти мубориза бо ҷараёнҳои номатлуб тадбирҳои иловагию амалӣ тақозо мешаванд. Ин аст, ки Президенти мамлакат дар Паём ба Маҷлиси Олӣ чунин дастур доданд: «Ҷиҳати пешгирӣ намудани ҷиноятҳои дорои хусусияти экстремистиву террористӣ ва ҷиноятҳое, ки бо истифодаи технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ содир мешаванд, зарур аст, ки Маркази ягонаи иттилоотӣ таъсис дода шавад». Воқеан ҳам, ҷиҳати муқовимат ба ҳуҷумҳои иттилоотии муташаккилона ба муқобили ҷумҳурии мо, ки солҳои охир амалӣ мешаванд, таъсиси чунин марказ тадбири саривақтӣ ва амри ногузир аст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар анҷоми Паём ба Маҷлиси Олӣ ба мардуми шарифи ҷумҳурӣ изҳори сипос намуда аз он ифтихор намуданд, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ панҷ иқдоми ҷумҳурии  мо  дар робита  ба масъалаи об ва иқлим аз тарафи болотарин ниҳоди байналмилалӣ, яъне Созмони Милали Муттаҳид қобили қабул дониста шуд, ки бешак, эътибори Тоҷикистонро дар байни дигар давлатҳо боз ҳам боло бурд. Мояи сарфарозии ҳар сокини мамлакати азизамон аст, ки ҷумҳурии  мо дар ин самт дар байни дигар давлатҳои ҷаҳон пешгом аст.

Бо бардошт аз муҳтавои фарогир метавон гуфт, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ барои ҳар  сокини шарафманди мамлакат паём аз дирӯз ва ояндаи дурахшону саодатовар буда, моро зарур аст ҳар банду нишондиҳандаи онро ба сифати дастури роҳнамо сармашқи кори ҳаррӯзаамон қарор диҳем.

Анварҷон БУРИЕВ,
Дониш АЮБОВ,
 кормандони илмии Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

 АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон /АМИТ «Ховар»

Февраль 22, 2024 11:35

Хабарҳои дигари ин бахш

28 декабр ҷаласаи якҷояи даҳуми Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум доир мегардад
Ҷойгоҳи паёмҳои Президенти Тоҷикистон дар таъсиси ниҳодҳои хос оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон назаррас аст
Ҳангоми истифодаи хабару маводи сомона истинод ба www.khovar.tj ҳатмӣ аст!
Саҳифаҳои расмии АМИТ «Ховар» дар шабакаҳои иҷтимоӣ: facebook.com/niatkhovar, t.me/niatkhovar, youtube.com/@niat_Khovar_tj, instagram.com/niat_khovar/, twitter.com/niatkhovar, Радиои Ховар 101.5 fm, facebook.com/khovarfm/
Владимир Путин ба Эмомалӣ Раҳмон: Ҳеҷ неруе наметавонад муносибатҳои бародаронаи мардумони ду давлатро халалдор намояд
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Бунёди ҷомеаи муосир бе ташаккули маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон имконнопазир аст
Дар мавзуи «Паёми Президенти Тоҷикистон ва масъалаҳои рушди фаъолияти китобдорӣ ва бойгонишиносӣ» ҳамоиш доир шуд
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Андешаҳо оид ба моҳияти фалсафии он
Эмомалӣ Раҳмон: Хизмат ба Ватан, яъне хизмати ҳарбӣ, мактаби ҷавонмардӣ ва давраи ҳаматарафа обутоб ёфтани ҷавонон мебошад
Эмомалӣ Раҳмон: Хизмат ба Ватан – Модар қарзи фарзандии ҳар як ҷавон ба ҳисоб меравад
Эмомалӣ Раҳмон: Ман ҳамчун Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ ҳар як сарбозро мисли фарзанди худ дӯст медорам
«ВАССОФИ ВАТАН». Фестивал-озмуни тарғибгари дастовардҳои миллӣ оғоз гардид