Дар шаҳри Норак вобаста ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Тоҷикистон вохӯрӣ доир шуд

Февраль 15, 2025 16:00

ДУШАНБЕ, 15.02.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Норак дар заминаи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои вусъати робита бо мардум ва баррасии саривақтии муроҷиатҳои шаҳрвандон, ҳалли масъалаҳои ҷойдоштаи маҳал ва даъвати аҳолӣ ба созандагию бунёдкорӣ вохӯрӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак хабар доданд.

Зимни вохӯрӣ иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Норак Иброҳим Мирзозода вобаста ба амалӣ намудани нақшаю барномаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъмини иҷрои дастуру супоришҳое, ки аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз 28 декабри соли 2024 бармеоянд, ибрози назар намуд.

«Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ  муҳимтарин ҳуҷҷат барои рушди ҷумҳурӣ ва таъмини субот буда, ин санад барои ҳар шаҳрванди мамлакат зарурати ҳамоҳангӣ ва ҳамкории мақомоти давлатиро бо мардум барои иҷрои нақшаҳои давлатӣ ва беҳбуди вазъи иқтисодӣ ва иҷтимоии мамлакат тақозо мекунад»,-изҳор дошт Иброҳим Мирзозода.

Сокинони шаҳр даъват шуданд, ки ба ислоҳи камбудиҳо, иҷрои қонунҳо ва иштироки фаъолона дар татбиқи барномаҳои давлатӣ диққати аввалиндараҷа дода, барои амалишавии дастуру супоришҳои Президенти Тоҷикистон дар рушди иқтисод, тартиботи ҷамъиятӣ пешгирии омилҳои номатлуб, вусъати корҳои ободонию созандагӣ ва иштирок дар ҳашарҳои умумишаҳрӣ саҳм гузоранд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак

Февраль 15, 2025 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Сеул Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро тамошо намуданд
Кормандони Хадамоти гумрук Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба Маҷлиси Олӣ роҳнамои фаъолияти минбаъда арзёбӣ намуданд
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон: назари муназзам ба рушд ва авлавияти миллӣ
Кормандони воҳидҳои сохтории Суғд аз тамошои Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ таассуроти амиқ бардоштанд
Сокинони ноҳияи Рӯдакӣ Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олиро дастҷамъона тамошо намуданд
Ҳаҷми умумии даромади буҷети давлатӣ соли 2025 ба 50 миллиард сомонӣ баробар гардид
Дар Москва Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олиро тамошо намуданд
Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ба сокинони шаҳри Турсунзода илҳоми тоза бахшид
Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026-2030 таҳия мегардад
Кормандони Сафорати Тоҷикистон дар Австрия Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро тамошо намуданд
Сокинони ноҳияи Ёвон аз тамошои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ илҳоми тоза гирифтанд
Ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон 26 ҳазор иншооту биноҳо ба истифода дода шудааст