Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо ордени «Дуслик»-и Ҷумҳурии Тотористон cарфароз гардонида шуданд

Февраль 22, 2024 12:20

ДУШАНБЕ, 22.02.2024  /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Қазон зимни як маросими бошукуҳ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Раиси Ҷумҳурии Тотористони Федератсияи Русия Рустам Минниханов бо мукофоти олӣ — ордени “Дуслик” (Дӯстӣ) сарфароз гардонида шуданд.

Тибқи Фармони Раиси Ҷумҳурии Тотористон, ордени “Дуслик”  ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои саҳми барҷастаашон дар рушди ҳамкорӣ байни Тоҷикистону Тотористон ва таҳкими дӯстию тафоҳум байни мардумон дода мешавад. Ордени “Дуслик”  мукофоти олии Ҷумҳурии Тотористон ба шумор меравад.

Сарвари давлати Тоҷикистон ба Раиси Ҷумҳурии Тотористон барои чунин қардшиносии олӣ арзи сипос намуда, ин мукофоти олиро чун баҳои арзанда ба тамоми мардуми Тоҷикистон мансуб донистанд.

Зимни суханронӣ ба ин муносибат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз имкону захираҳои фаровон барои густариши ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Тотористон ёдовар шуда, ҳавасмандии ҷониби моро ба истифодаи пурсамар аз онҳо таъкид доштанд.

Хотиррасон гардид, ки мардуми Тоҷикистон бо Тотористон робитаҳои судманди ҳамкорӣ дорад ва дар ин зимн барои муҳайёсозии заминаҳои хуби таҳсилотӣ ба донишҷӯёни сершумори тоҷик дар ин минтақа арзи сипосу қадрдонӣ карда шуд.

Дар фароварди сухан ба роҳбарият ва мардуми дӯсту бародари Тотористон дар роҳи рушду пешрафт ва шукуфоии минбаъдаи ин диёри зебо дастовардҳои навин орзу карда шуд.

Сарфарозгардонӣ бо ордени “Дуслик"-и Ҷумҳурии Тотористон 22.02.2024

Февраль 22, 2024 12:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон барои бунёди 2 корхона санги асос гузоштанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон муассисаи таълимии хусусии литсейи «Идрок»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар ноҳияҳои Шаҳристон ва Айнӣ 9 иншоотро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии «Ғунчаи баҳор»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як иншоот дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва 13 иншоот дар шаҳри Конибодомро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи коркарди меваю сабзавот, истеҳсоли нӯшокиҳои ташнагишикан ва афшураҳои мевагии ҶДММ «Сирдарё»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро дар вилояти Суғд мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон корхонаи истеҳсоли хӯроки чорво ва парандаи ҶДММ «Базаи таъминот»-и ширкати Барсро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба вилояти Суғд ташриф оварданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Меҳмонхонаи Редиссон Коллекшн Душанберо (Radisson Collection Dushanbe) ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи дару тирезаҳои алюминӣ ва пластикии ҶДММ «Тамдид»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо 6 лоиҳаи нави истеҳсолӣ, логистикӣ ва иҷтимоӣ дар шаҳри Душанбе шинос шуданд