Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо ордени «Дуслик»-и Ҷумҳурии Тотористон cарфароз гардонида шуданд
ДУШАНБЕ, 22.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Қазон зимни як маросими бошукуҳ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Раиси Ҷумҳурии Тотористони Федератсияи Русия Рустам Минниханов бо мукофоти олӣ — ордени “Дуслик” (Дӯстӣ) сарфароз гардонида шуданд.
Тибқи Фармони Раиси Ҷумҳурии Тотористон, ордени “Дуслик” ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои саҳми барҷастаашон дар рушди ҳамкорӣ байни Тоҷикистону Тотористон ва таҳкими дӯстию тафоҳум байни мардумон дода мешавад. Ордени “Дуслик” мукофоти олии Ҷумҳурии Тотористон ба шумор меравад.
Сарвари давлати Тоҷикистон ба Раиси Ҷумҳурии Тотористон барои чунин қардшиносии олӣ арзи сипос намуда, ин мукофоти олиро чун баҳои арзанда ба тамоми мардуми Тоҷикистон мансуб донистанд.
Зимни суханронӣ ба ин муносибат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз имкону захираҳои фаровон барои густариши ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Тотористон ёдовар шуда, ҳавасмандии ҷониби моро ба истифодаи пурсамар аз онҳо таъкид доштанд.
Хотиррасон гардид, ки мардуми Тоҷикистон бо Тотористон робитаҳои судманди ҳамкорӣ дорад ва дар ин зимн барои муҳайёсозии заминаҳои хуби таҳсилотӣ ба донишҷӯёни сершумори тоҷик дар ин минтақа арзи сипосу қадрдонӣ карда шуд.
Дар фароварди сухан ба роҳбарият ва мардуми дӯсту бародари Тотористон дар роҳи рушду пешрафт ва шукуфоии минбаъдаи ин диёри зебо дастовардҳои навин орзу карда шуд.









Тавзеҳот ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи эълон намудани мораторий ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкории хурду миёна»
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Ноиби Президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд Маттео Патроне мулоқот намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди эстакадаҳои дусатҳа ва азнавсозии пули мошингузар дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд
Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар як қатор вазорату идораҳо таъиноти кадрӣ ба амал оварданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд






