Роҳбарияти шаҳри Бӯстон бо афсарону сарбозоне, ки дар госпитали ҳарбии гарнизони Суғд табобат мегиранд, суҳбат намуданд

Февраль 8, 2024 16:34

ДУШАНБЕ, 08.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Раиси шаҳри Бӯстон Нигорахон Ғаффорзода ва раиси Шурои занони ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковник Фирӯза Назарзода ба қисми низомии Госпитали ҳарбии гарнизони Суғд рафта, бо вазъи муолиҷаи сарбозону афсарон шинос шуданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон.

Раиси шаҳри Бӯстон ва намояндаи Вазорати мудофиа бо сарбозон суҳбат намуда, доир ба ғамхориҳои пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти таъмини шароити арзандаи хизмат дар сафҳои Артиши миллӣ ибрози назар намуданд.

Табибон ба меҳмонон оид ба вазъи хизматрасонии тиббӣ, таъмини шароити мусоид дар госпитал ва дигар имконият иттилоъ дода, иброз доштанд, ки барои солимгардонии сарбозону афсарон ва хизматчиёни ҳарбӣ мутахассисони беморхонаи шаҳри Бӯстон ва дигар муассисаҳои тиббӣ дар ҳолатҳои зарурӣ ба машварат ва муолиҷа даъват мегарданд. Инчунин барои баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба хизматчиёни ҳарбӣ тадбирҳо андешида мешаванд.

Роҳбари шаҳр ва ҳайати меҳмонон бо шуъбаҳои ҷарроҳӣ, сироятӣ, дарунӣ, ошхона, анбори нигаҳдории озуқа ва дигар имконоти госпитал шинос гардида, маҷмуи маҳсулоти озуқа ва мавриди ниёзи аввалро дастрас намуданд.

Сарбозону афсароне, ки ба муолиҷа фаро гирифта шудаанд, ба Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори сипос намуда, изҳор доштанд, ки баъди муолиҷаи пурра ба қисмҳои низомӣ баргашта, ба халқу Ватан содиқона хизмат менамоянд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон

 

Февраль 8, 2024 16:34

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад