«ШОМИ БОКС». Баҳодур Усмонов унвони чемпионии Осиёро аз рӯи фарзияи IBA ба даст овард
ДУШАНБЕ, 17.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. 16 феврал дар Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обии Душанбе таҳти унвони «Шоми чемпионҳои Ассотсиатсияи байналмилалии бокс» (IBA) мусобиқаи бокси касбӣ баргузор шуд. Нахустин маротиба дар мусобиқа чаҳор муштзани тоҷик — Шавкат Раҳимов, Баҳодур Усмонов, Акмал Убайдов ва Шамшер Саидов иштирок намуданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ТВ «Варзиш».
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ин мусобиқа ба ҳайси меҳмони фахрӣ иштирок доштанд. Муштзани машҳури амрикоӣ Рой Ҷонс ва дигар меҳмонони фахрӣ ҳам дар чорабинӣ иштирок намуданд.
Рақобати асосӣ байни намояндаи Русия Шарофутдин Атаев бо Алфонсо Домингес аз Озарбойҷон барои камарбанди Ассотсиатсияи байналмилалии бокс (IBA) дар вазни -86 кг доир гардид.
Дар набард бо рақиби аслии худ Лорен Алфонсо Домингес се маротиба нокдаун ба даст овард ва бо қарори якдилӣ пирӯз шуд. Атаев ва Домингес се маротиба дар ринги бокси олимпӣ дар финалҳои мусобиқоти муҳим вохӯрданд ва ду бор муштзани рус пурқувваттар буд.
Ҳамин тавр, Атаев соҳиби 350 ҳазор доллар ва Алфонсо соҳиби 150 ҳазор доллар гардид.
Муҳорибаҳои дигари шоми бокс байни муштзани тоҷик Шавкатҷон Раҳимов бо Эдуардо Нунеси мексикоӣ барои дарёфти унвони чемпионӣ аз рӯи фарзияи Федератсияи байналмилалии бокс (IBF) дар вазни 58,9 кг баргузор шуд.
Шавкатҷон Раҳимов дар раунди 11-ум тариқи нокаути техникӣ аз Эдуардо Нунйес мағлуб шуд.
Муштзани дигари тоҷик Баҳодур Усмонов ва Ҷавид Чалабийев аз Озарбойҷон дар вазни 63,5 кг барои дарёфти унвони чемпиони Осиё рақобат намуданд.
Баҳодур Усмонов бо қарори доварон бар Ҷавид Чалабийев пирӯз шуда, унвони қаҳрамонии Осиёро аз рӯи фарзияи IBA ба даст овард. Ин дуюмин унвони Баҳодур маҳсуб мешавад.


Муштзани дигари тоҷик Убайдов Акмал дар вазни 57 кг муқобили Серикбай Ассюлжан аз Қазоқистон пирӯзӣ ба даст овард. Муштзани тоҷик Саидов Шамшер дар вазни 67 кг дар раунди 6-ум муқобили Сулайманбек Уулу Акжол аз Қирғизистон бо қарори доварон пирўз гардид.
Дар вазни 57 кг муштзани узбек Мирзокарим Мирзохалилов бар Родригуез Окана Луиси мексикоӣ пас аз раунди 10-ум бо қарори доварон зафар ёфта, унвони қаҳрамониро ба даст овард.
АКС: ТВ «Варзиш»










Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон пас аз иштирок дар Бозиҳои V параосиёӣ ба Ватан баргаштанд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид
«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад






