«ШОМИ БОКС». Баҳодур Усмонов унвони чемпионии Осиёро аз рӯи фарзияи IBA ба даст овард

Февраль 17, 2024 09:53

ДУШАНБЕ, 17.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. 16 феврал дар Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обии Душанбе таҳти унвони «Шоми чемпионҳои Ассотсиатсияи байналмилалии бокс» (IBA) мусобиқаи бокси касбӣ баргузор шуд. Нахустин маротиба  дар мусобиқа чаҳор муштзани тоҷик — Шавкат Раҳимов, Баҳодур Усмонов, Акмал Убайдов ва Шамшер Саидов иштирок намуданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ТВ «Варзиш». 

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ин мусобиқа ба ҳайси меҳмони фахрӣ иштирок доштанд. Муштзани машҳури амрикоӣ Рой Ҷонс ва дигар меҳмонони фахрӣ ҳам дар чорабинӣ иштирок намуданд.

Рақобати асосӣ байни намояндаи Русия Шарофутдин Атаев бо Алфонсо Домингес аз Озарбойҷон барои камарбанди Ассотсиатсияи байналмилалии бокс (IBA) дар вазни -86 кг доир гардид.

Дар набард бо рақиби аслии худ Лорен Алфонсо Домингес се маротиба нокдаун ба даст овард ва бо қарори якдилӣ пирӯз шуд. Атаев ва Домингес се маротиба дар ринги бокси олимпӣ дар финалҳои мусобиқоти муҳим вохӯрданд ва ду бор муштзани рус пурқувваттар буд.

Ҳамин тавр, Атаев соҳиби 350 ҳазор доллар ва Алфонсо соҳиби 150 ҳазор доллар гардид.

Муҳорибаҳои дигари шоми бокс байни муштзани тоҷик Шавкатҷон Раҳимов бо Эдуардо Нунеси мексикоӣ барои дарёфти унвони чемпионӣ аз рӯи фарзияи Федератсияи байналмилалии бокс (IBF) дар вазни 58,9 кг баргузор шуд.

Шавкатҷон Раҳимов дар раунди 11-ум тариқи нокаути техникӣ аз Эдуардо Нунйес мағлуб шуд.

Муштзани дигари тоҷик Баҳодур Усмонов ва Ҷавид Чалабийев аз Озарбойҷон дар вазни 63,5 кг барои дарёфти унвони чемпиони Осиё рақобат намуданд.

Баҳодур Усмонов бо қарори доварон бар Ҷавид Чалабийев пирӯз шуда, унвони қаҳрамонии Осиёро аз рӯи фарзияи IBA ба даст овард. Ин дуюмин унвони Баҳодур маҳсуб мешавад.


Муштзани дигари тоҷик Убайдов Акмал дар вазни 57 кг муқобили Серикбай Ассюлжан аз Қазоқистон пирӯзӣ ба даст овард. Муштзани тоҷик Саидов Шамшер дар вазни 67 кг дар раунди 6-ум муқобили Сулайманбек Уулу Акжол аз Қирғизистон бо қарори доварон пирўз  гардид.

Дар вазни 57 кг  муштзани узбек Мирзокарим Мирзохалилов бар Родригуез Окана Луиси мексикоӣ пас аз раунди 10-ум бо қарори доварон зафар ёфта, унвони қаҳрамониро ба даст овард.

АКС: ТВ «Варзиш»

Февраль 17, 2024 09:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Паҳлавонони тоҷик дар Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Узбекистон оид ба кураш дар Эрон се медали биринҷӣ ба даст оварданд
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври дуюм бо дастаи Қирғизистон бозӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) бозии дуюмашро анҷом дод
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Имшаб дастаҳои мунтахаби олимпии Тоҷикистон ва Ироқ бо ҳам бозӣ мекунанд
Пайрав Воҳидов: «Бисёр шодем, ки бозии даври аввали марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2024-ро бо ғалаба анҷом додем»
АМИТ «Ховар»: Намоишгоҳи маҳсулоти саноатии Ҷумҳурии Узбекистон дар Маркази ЭКСПО-и шаҳри Душанбе 3 рӯз идома меёбад
Ғолибони Чемпионати Тоҷикистон оид ба самбо дар шаҳри Кӯлоб муайян гардиданд
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал тими Кореяи Ҷанубиро мағлуб намуд
МАРОТИБАИ АВВАЛ. Дар Тоҷикистон Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба парапланеризм барои дарёфти Ҷоми Пешвои миллат доир мешавад
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи Кореяи Ҷанубӣ бозӣ менамояд
Дар ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон мусобиқаи гӯштини миллӣ баргузор мегардад
Саидҷамол Алимардонов сазовори Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ дар ноҳияи Темурмалик гардид