Шумораи тахлияшудагон пас аз заминларзаҳои шадид дар Ҷопон ба 14 ҳазор расид
ДУШАНБЕ, 02.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Зиёда аз 14 ҳазор нафар дар Ҷопон баъди як моҳ гузаштан аз оғози силсилаи заминларзаҳое, ки дар нимҷазираи Ното ба амал омаданд, наметавонанд ба хонаҳояшон баргарданд. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС хабар медиҳад, дар ин хусус шаабакаи телевизиони NHK иттилоъ додааст.
Таъкид шудааст, ки қариб 4,7 ҳазор нафар дар меҳмонхонаҳо зиндагӣ менамоянд ва боз 9,5 ҳазор нафар дар марказҳои махсуси тахлия, ки дар мактабҳо ва муассисаҳои ҷамъиятӣ кушода шудаанд, боқӣ мемонанд. Дар робита ба ин дар минтақа корҳои барқарорсозии манзилҳои харобшуда ва инфрасохтор идома доранд.
АКС аз манбаъҳои боз








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
МегаФон Тоҷикистон: МегаҚувва гигабайтҳоро дучанд менамояд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд






