Созмони ҷаҳонии тандурустӣ хабар додааст, ки моҳи январ беш аз 40 ҳазор нафар дар ҷаҳон гирифтори вабо шудаанд
ДУШАНБЕ, 15.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Шумораи мубталоёни бемории вабо дар ҷаҳон соли 2023 аз 700 ҳазор нафар зиёд гардида, моҳи январи соли 2024 аллакай беш аз 40 ҳазор нафар бемор шудаанд. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС иттилоъ медиҳад, дар ин хусус Созмони ҷаҳонии тандурустӣ хабар дода, хатари паҳншавии минбаъдаи ин бемориро дар ҷаҳон хеле баланд арзёбӣ намудааст.
Ин беморӣ аз аввали сол аз шаш минтақаи Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар чортои он— Африқо, Баҳри Миёназамини Шарқӣ, Амрико ва Осиёи Ҷанубу Шарқӣ сабт шудааст. Алалхусус дар Замбия ва Зимбабве афзоиши шадиди беморӣ сабт гардидааст.
Моҳи январи соли 2023 Созмони ҷаҳонии тандурустӣ паҳншавии бемории ваборо ҳамчун ҳолати изтирории дараҷаи 3 тасниф намуд, ки ин сатҳи баландтарин барои ҳолатҳои фавқулода мебошад. Бо назардошти шумораи хуруҷҳо ва тақсимоти Созмони ҷаҳонии тандурустӣ баҳодиҳии хатарро дар саросари ҷаҳон хеле баланд арзёбӣ менамояд.
Вабо – яке аз бемориҳои сироятии махсусан хатарнок буда, аз вибрионҳои (бактерияҳои) вабоӣ пайдо мешавад. Он ҳангоми ба буния ворид шудани барангезанда бо ғизо ё оби сироятёфта ба вуҷуд меояд.
АКС аз манбаъҳои боз








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд






