ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 4 феврал, якшанбе, 35-умин рӯзи соли 2024 аст
Дар ин рӯзи соли 1985 қатъномаи СММ дар бораи манъ намудани шиканҷа қабул гардид.
***
Соли 2004 Марк Сукерберг сомонаи «Thefacebook»-ро дар суроғаи thefacebook.com фаъол намуд. Сомонаи иҷтимоӣ – Facebook машҳуртарин ва бузургтарин сомона дар ҷаҳон буда, Марк Сукерберг аз ҷумлаи сарватмандтарин шахсони олам ба шумор меравад.
***
4 феврали соли 2010 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи дуюми «Шабакаи ташкилоти шарикон оид ба обтаъминкунии устувор ва ҳолати санитарӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид.
***
4 феврали соли 2011 дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шурои технологияҳои иттилоотию коммуникатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки аъзои он ва роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор, Раиси шаҳри Душанбе ва дигар шахсони масъул ҷаласаи нахустини ин Шуро баргузор гардид.
***
4 феврали соли 2015 аз ҷониби Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ангораи ҷашни Наврӯз тасдиқ шуд.
***
Соли 2016 дар дафтари намояндагии Фонди рушди «Институти тадқиқотии АвруОсиё» маросими супоридани диплом ба барандагони озмуни донишҷӯии ба номи Дмитрий Менделеев ва Михаил Ломоносов баргузор гардид.
***
Соли 2016 дар Тоҷикистон сомонаи расмии Комиссияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини иҷрои уҳдадориҳо дар самти таъмини ҳуқуқи инсон (http://khit.tj) фаъол шуд.
4 ФЕВРАЛ:
Рӯзи байналмилалии мубориза бо бемории саратон.
***
Дар Шри-Ланка – Рӯзи истиқлол.
***
Дар Ангола – Рӯзи муборизаҳои мусаллаҳона.