Ҳунар ва чирадастии Давлатманди Холро ба инобат гирифта, метавон ӯро «Борбади сонӣ» номид

Февраль 24, 2024 08:29

ДУШАНБЕ, 24.02.2024. /АМИТ «Ховар»/. Агар ҳунар ва чирадастии Давлатманди Хол дар навозиши созҳои мусиқӣ ва оҳангсозию оҳангбандиҳои ӯро ба шеърҳои пурмаънои адабиёти классикию муосир ба инобат гирем, метавон Давлатманди Холро «Борбади сонӣ» номид, зеро анвои мухталифи созҳои мусиқиро устодона навохтан ва лаҳни гуворои онҳоро бо ашъори баланд корбаст намудан кори саҳлу осон нест. Ӯ ҳамчун ромишгари пуртаҷриба давоми  умри пурбаракати ҳунарии панҷоҳу панҷсолааш беш аз дусад навъи оҳангу суруд офаридааст, ки дар хазинаи тиллоии мусиқии Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сабт гардидаанд.

Фалаксаро, навозанда ва оҳангсози маъруфи тоҷик, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, Ҳунарпешаи мардумии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон, барандаи Ҷоизаи олии сарояндагӣ ва навозандагии Фаронса, дорандаи орденҳои «Шараф» дараҷаи I ва «Дӯстӣ» – Давлатманди Хол, ки дар ҷаҳони форсизабонон ба унвони «Оқои «Дур машав!»» машҳур буд, шаби 18 феврали соли 2024 аз ҷаҳон даргузашт.

Устод Давлатманди Хол дар рушди ҳунари хунёгарӣ, оҳангсозӣ, сарояндагӣ ва умуман фарҳанги миллии тоҷик саҳми арзишманд ва бориз гузоштааст. Мавсуф барои ҷаҳонишавии жанри фалак заҳмати бунёдӣ кашида, дар тарғиби он саҳми сазовор гузоштааст, зеро аз нухбагони ҳунари мардумии овозхонӣ ва оҳангсозӣ пазируфта шуда буд. Тавъам бо он, ӯ дар тарғибу ташвиқи каломи ҳунарии манзуми оламгири миллати тоҷик хизмати мондагор анҷом додааст. Илова бар он, ҳунарвар  соҳибмактаби ин ҷода буд. Ҳамчунин маҳз бо саъй ва талошҳои пайвастаи номбурда  мактаби жанри фалаксароии миллӣ на танҳо дар минтақа, балки берун аз он шуҳрати хосса касб намуд. Маҳз тавассути заҳматҳои шабонарӯзии ин симои ҳунарӣ зумрае аз шогирдони ӯ рӯйи кор омаданд, ки ҳар кадоме аз онҳо дар мактаби фалаксароии миллӣ феълан соҳибэътибор мебошанд. Ӯ

Мавсуф  мактаби жанри фалаксароиро бо сабки ба худ хос дар қаламрави ҷумҳурӣ иттиҳоду тавоноӣ, ҳамгунӣ ва назокати хос эҳдо намуд. Ин яке аз рисолатҳои комилан таърихии дар ин ҷода баҷоовардаи ҳунарвари мумтоз – Давлатманди Хол дониста мешавад.

Истеъдоди фавқулодаи Давлатманди Хол дар шинохти созҳои мусиқии миллӣ беназир буд ва метавон гуфт, ки сози мусиқии миллие набуд, ки устод дар оҳангсозӣ аз он кор нагирифта бошад ва онро бо як бор ба даст гирифтан ба монанди як навозандаи мумтоз нанавохта бошад. Бе омодагии қаблӣ созҳои мусиқиро чунон устодона ва дилнавоз менавохт, ки кас ангушти ҳайрат мегазид.

Дар корбасту коргирии навъҳои созҳои мусиқии миллӣ, бахусус чангу ғижжак, думбравудутору чортор, тору рубоб, сетор, таблаку доираву танбур, найю сурной (ҳамчунин созҳои мусиқии муосири аврупоӣ, монанди баяну аккордеону синтезатору ҳормония…) ва ғайра дар фаъолияти хунёгарии ин устоди мумтоз далели истеъдоди фавқулодаи азалӣ ва фитрии ӯ мебошанд.

Агар ин ҳунар ва чирадастӣ  дар навозиши созҳои мусиқӣ ва оҳангсозию оҳангбандиҳои ӯро ба шеърҳои пурмаънои адабиёти классикию муосир ба инобат гирем, метавон Давлатманди Холро «Борбади сонӣ» гуфт, зеро анвои мухталифи созҳои мусиқиро устодона навохтан ва лаҳни гуворои онҳоро бо ашъори баланд корбаст намудан кори саҳлу осон нест.  Ҳунарманди хушсалиқа  ҳамчун ромишгари пуртаҷриба давоми умри пурбаракати ҳунарии панҷоҳу панҷсолааш беш аз дусад анвои оҳангу суруд офаридаанд, ки дар хазинаи тиллоии Фонди мусиқии Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сабт гардидаанд.

Як нуктаро набояд фаромӯш намуд, ки талошҳои пайваста ва хастагинопазири устод Давлатманди Холро давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба инобат гирифта, ӯро барои амалӣ гардидани нақшаҳои мондагораш дар рушди ҳунари миллии навозандагию фалаксароӣ пайваста ташвиқ ва дар амалӣ гардидани он нақшаҳо мусоидат менамуданд. Ин буд, ки соли 2004 Ансамбли давлатии «Фалак»-и Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт ва ба ин васила ҳунари фалаксароӣ дар сатҳи ҷумҳурӣ саросарӣ гардид.

Бояд гуфт, ки дар шинохт ва таъмини арзишҳои баланди адабӣ-ҳунарӣ, муассирию тасхирсозӣ ва дороии ҷанбаҳои ормонӣ ва зебописандии жанри фалак Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд, ки «фалак ҳам аз нигоҳи ҳаҷм ва ҳам аз нигоҳи арзишу қимати бадеӣ аз ҷумлаи беҳтарин мероси мусиқӣ аст, ки мо онро барҳақ мусиқии шаклан озод ва таҷассумгари руҳи озод ва орзуву омоли халқи тоҷик меномем». Ин қазоват комилан мазмуну муҳтаво ва арзишҳои ҳамаҷонибаи жанри фалакро фарогир буда, розу ниёзҳои рӯзгору зиндагии мардумро, ки тавассути муноҷот эҷод шудаасту бо лаҳни дилнишину гӯшнавоз ба иҷро мерасад, хотиррасон менамояд, ки мушоҳидаи басе ҷолиб ва мӯшикофона аст.

Бояд гуфт, ки пас аз устоди соҳибмактаб Одина Ҳошим маҳз Давлатманди Хол буд, ки ҳунари мардумии миллии навозандагию фалаксароиро бо шӯру шавқ ба саҳнаҳои бузурги хориҷи дуру наздик, аз кишварҳои ҳамҷавор то қораи Аврупо муаррифӣ намуд. Бо талошҳои хастагинопазири ин марди ҳунар ва бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон жанри фалаксароӣ (жанри «Фалак») соли 2021 ба Феҳристи ҷаҳонии мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО сабти ном гардид. Ин нишони он аст, ки обрӯйи давлату Ҳукумати Тоҷикистон ва мардуми он дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баланд гардид.

Устод Давлатманди Холро дар давлатҳои форсизабон тавассути лаҳни ҷаззобу ҳунари волои сарояндагӣ ва навозандагиаш мешинохтанд ва ба шахсияту ҳунари ӯ эҳтироми хосса доштанд. Устод борҳо ба давлатҳои ҳамҷавор ва форсизабон сафарҳои ҳунарӣ анҷом додааст, ки боиси аз наздик шинохтани шахсияти ҳунарии ӯ дар он кишварҳо гардид. Аҳли ҳунар, санъат ва фарҳанги он кишварҳо на танҳо устод Давлатманди Холро эътирофу эҳтиром менамуданд, балки ӯро дар ҷодаи навозандагию сарояндагии ҳунари мардумии фалаксароӣ устод мехонданд ва аз мактаби шуҳратёри ӯ пайваста меомӯхтанд.

Дилбастагӣ ба каломи ҳунарии беназир ва хосса, ба ашъори мафтункунандаву тафаккурсози Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ ба василаи ҳунари воло ва лаҳни тасхиргари ин ромишгари мумтоз маҳбубияти ӯро на танҳо дар сартосари мамлакат, ҳамчунин дар қаламрави ҳамзабонон таъмин карда буд.

Фалсафаи зиндагии устод Давлатманди Хол то нафаси охирин муҳаббат ба касб, мусиқии фалак, арҷгузорӣ ба сухани баланду пурмаъно, муҳаббат ба овозхонии фалак буд, ки дар маҷмуъ, ҳунари беназири ӯ низ дар заминаи ҳамин унсурҳои ҳунари мардумӣ ба вуҷуд омада буд ва ҳамин муҳаббати самимӣ шахсияти фарҳангии Давлатманди Холро дар қалби мардумон ҷой дод ва он ҷовидону поянда хоҳад монд.

Ба қавли шоири шинохтаи муосир Хайриддини Хайрандеш, ҳунари ин ромишгари беназир байни ҳампешагон аз ҳар ҷиҳат бартарӣ дошт.

Дар авҷи навои ту хурӯшид замин,
Омад фалакат ба ҷӯш, ҷӯшид замин.
Дар мотам агар сиёҳ пӯшанд, фалак
Коре кард, ки сафед пӯшид замин.

Рустам НАБОТӢ,
устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон,
номзади илмҳои филологӣ, дотсент

АКС аз манбаъхои боз

Февраль 24, 2024 08:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Кумитаи меъморӣ ва сохтмони Тоҷикистон баҳри густариши раванди рақамикунонӣ Созишнома ба имзо расонид
Дар Маҷмааи варзишии шаҳри Хоруғ барои ҷоми Раиси вилоят мусобиқаи футболи хурд оғоз шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«Фалсафаи ваҳдат ва истиқрори сулҳи тоҷикон». Таҳти ин унвон дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ҳамоиш доир гардид
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Бо сокинону фаъолони шаҳри Бохтар вохӯрӣ доир гардид
Дар шаҳри Турсунзода ҳамоиши «Корвони зиддимухаддиротӣ – 2024» доир шуд
«Ҷоми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон» насиби дастаи футболбозони ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ шуд
Донишҷӯёни Донишгоҳи техникии Тоҷикистон таҷрибаомӯзии истеҳсолиро дар Неругоҳи барқи обии «Қайроқум» мегузаронанд
Дар Хоруғ таҳти унвони «Модару бонувони ваҳдатсаро» ҳамоиш доир гардид
15-17 июн дар минтақаҳои алоҳидаи Тоҷикистон хавфи омадани сел боқӣ мемонад
ҲИФЗ ВА МУАРРИФИИ МЕРОСИ НИЁГОН. Ин мавзуъ дар меҳвари мулоқоти Президенти Тоҷикистон бо аҳли илм ва маорифи мамлакат қарор дошт