ЮНИСЕФ: Ҳар кӯдаки чаҳорум дар Иттиҳоди Аврупо бо камбизоатӣ ва маҳдудияти иҷтимоӣ рӯ ба рӯ аст
ДУШАНБЕ, 25.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Ҳар кӯдаки чаҳоруме, ки дар Иттиҳоди Аврупо зиндагӣ менамояд, бо камбизоатӣ ва маҳдудияти иҷтимоӣ рӯ ба рӯ аст. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба АЗЕРТАҶ хабар медиҳад, дар ин хусус дар гузориши «Вазъи кӯдакон дар Иттиҳоди Аврупо», ки аз ҷониби Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) таҳия шудааст, гуфта шудааст. Дар гузориш нишон дода шудааст, ки ин рақам нисбат ба соли 2019 қариб як миллион афзоиш ёфтааст.
Гуфта шудааст, ки ҳарчанд хатари камбизоатӣ дар давраи солҳои аз 2015 то 2019 3,1 фоиз коҳиш ёфтааст, ин рақамҳо пас аз пандемияи COVID-19, инчунин таваррум ва дигар мушкилоти иқтисодӣ дубора афзоиш ёфтаанд. Душвориҳои асосиеро, ки кӯдакон дар Аврупо бо онҳо дучор мешаванд, ЮНИСЕФ мушкилоти марбут ба солимии равонӣ ва олудагии муҳити зист, инчунин тағйироте, ки аз технологияҳои рақамӣ ба вуҷуд меоянд, номидааст.
“Ҳарчанд ки Иттиҳоди Аврупо яке аз минтақаҳои пешрафтаи ҷаҳон маҳсуб мешавад, сатҳи баланди камбизоатӣ ва маҳдудияти иҷтимоӣ, мушкилоти солимии равонӣ, таъсири муҳити зист ва хатарҳои сершумори онлайнӣ миллионҳо кӯдаконро аз имконият маҳрум намуда, иқтидори насли навраси Иттиҳоди Аврупоро зери хатар мегузоранд”, — иброз намуд намояндаи ЮНИСЕФ дар пажуҳишгоҳҳои аврупоӣ Бертран Бенвел.
АКС аз манбаъҳои боз








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






