«ЗАНОН ВА РУШДИ ИЛМИ МУОСИР». Таҳти чунин унвон дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб конференсияи илмӣ-амалӣ доир шуд
ДУШАНБЕ, 11.02.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии занон ва духтарон дар соҳаи илм (11 феврал) таҳти унвони «Занон ва рушди илми муосир» конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин донишгоҳ хабар медиҳад.
Дар конференсияи илмӣ-амалӣ иброз гардид, ки агар ба таърихи тамаддуни башарият назар афканем, нақши занонро хеле назаррасу муассир мебинем, ки ба шарофати онҳо тамаддуни инсоният ба таҳаввулоти бузурге даст ёфтааст. Бахусус дар таърихи гузаштаи ориёитаборон мавқеи зан бузург будааст. Аҷдодони гузаштаи халқи тоҷик нисбат ба зан эҳтироми зиёд доштаанд ва барои ба илму дониш фаро гирифтанашон шароити мусоид фароҳам меовардаанд. Ҳатто дар замонҳои хеле қадим нисбат ба зан — модар мардумони ориёитабор эҳтироми хосса зоҳир намудаанд, ки ин дар достонҳои устуравӣ ва ҳикматҳои донишварони замонҳои қадим бармало дида мешавад.
Зимни конференсияи илмӣ-амалӣ дар мавзуъҳои «Занон ва саҳми онҳо дар рушди илм», «Одамӣ аз илм меёбад камол», «Иҷтимоишавии гендерӣ ва таҳкими худшиносӣ» маърузаҳо пешниҳоди иштирокдорон гардонида шуданд.
Бояд гуфт, ки дар ҷаласаи ифтитоҳӣ ва бахшҳои конференсия беш аз 60 маърузаи профессорон ва омӯзгорон бобати бахшҳои гуногун мавриди баррасӣ ва хулосабарорӣ қарор дода шуд.
Ёдовар мешавем, ки бо қарори Созмони Милали Муттаҳид 11 феврал Рӯзи байналмилалии занон ва духтарон дар илм эълон шуда, он ҳамасола гузаронида мешавад.
АКС: Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ








ҲАМНАФАСИ МАРДУМ, ҲАМҚАДАМИ ТАЪРИХ. Андешае дар ҳошияи Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА ТАҲКИМИ ПОЯҲОИ РУШДИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН. Дар ҳошияи таҷлили Рӯзи Президент
Бахшида ба Рӯзи Президент дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ ҳамоиш доир шуд
Барномаи «Низоми арзёбии донистани забони тоҷикӣ барои шаҳрвандони хориҷӣ» муаррифӣ гардид
Ҳаками озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» Шодӣ Раҷабзод: «Сатҳи омодагӣ, донишу маърифат ва ҷаҳонбинии довталабон сол то сол беҳтар мегардад»
«ИЛМ — ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». 59 иштирокчии даври ниҳоии озмун қадрдонӣ карда шуданд
РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН — РӮЗИ АРҶГУЗОРӢ БА МЕЪМОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ ТОҶИКОН ДАР АРСАИ ҶАҲОНӢ. Андешаҳо дар ин маврид
ШИНОХТИ ШАХСИЯТҲОИ АДАБӢ ВА ТАЪРИХӢ ДАР ЗАМИНАИ ИСТИҚЛОЛ. Бо чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Бо иштироки 562 довталаб даври ниҳоии озмун ифтитоҳ ёфт
Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид






