«ЗОЛ ВА РУДОБА». Ҳунармандони театри шаҳри Бохтар дар Фестивали байналмилалии «Фаҷр»-и Эрон сазовори Сипоснома ва дипломи махсус гардиданд
ДУШАНБЕ, 01.02.2024. /АМИТ «Ховар»/. 20 ҳунарманди Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар дар Фестивали байналмилалии 42-юми «Фаҷр»-и Ҷумҳурии Исломии Эрон барои намоиши «Зол ва Рудоба» бо сипоснома ва дипломи махсус мукофотонида шуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон хабар медиҳад.
Ҳунармандони Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар бо намоиши «Зол ва Рудоба» аз рӯи асари «Шоҳнома»-и безаволи Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ дар таҳияи Баҳром Қурбонзода, саҳнавигардонии Ҷумъа Қуддус маротибаи аввал дар Фестивали байналмилалӣ «Фаҷр»-и Ҷумҳурии Исломии Эрон Тоҷикистонро муаррифӣ намуданд.
Дар нақши Зол- Фирдавси Турдиалӣ, Рудоба — Дилафрӯз Саидова, шоҳ Манучеҳр — Отахон Саидзода, шоҳ Сом — Муҳаммад Шомуддинов, Синдухт — Меҳрӣ Ҳоҷибоева, Комрон — Азизҷон Сайфуллоев ва дигарон бозӣ намуданд.
Қиссаи ишқи Рудоба ва Зол (Золи Зар) яке аз достонҳои муассири ишқии «Шоҳнома» аст, ки дар риштаи умумии тасвироти қаҳрамонӣ ва эпикии асар ҷойи муайяне дорад.
Ҳайати эҷодии театр бо намоиши «Зол ва Рудоба» соли 2023 дар Озмуни театрҳои касбии ҷумҳурӣ – «Парасту» иштирок намуда, соҳиби ҷойи дувум гардид.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






