35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Имсол дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин 41 иншоот ба истифода дода мешавад

Март 28, 2024 14:36

Ш. ШОҲИН, 28.03.2024. /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин корҳои созандагӣ идома дошта,  соли 2024  41 иншоот ба истифода дода мешавад, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».

Тавре дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, тибқи нақша дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин сохтмону навсозии 216 иншооти таъйиноти гуногун ба нақша гирифта шудааст.

Изҳор гардид, ки дар ҳудуди ноҳия солҳои 2022-2023 беш аз 67 иншооти гуногун мавриди истифода қарор гирифта, дар иншооти боқимонда корҳои сохтмонӣ идома доранд.

Варзишгоҳ дар маркази ноҳия барои 6 ҳазор ҷойи нишаст яке аз чунин иншооти соли 2024 сохташаванда мебошад. Соли 2025 ба истифода додани 45 иншоот ва соли 2026 ба истифода додани 37 иншооти таъйиноти гуногун дар нақша аст.

АКС: АМИТ «Ховар»

Март 28, 2024 14:36

Хабарҳои дигари ин бахш

35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. 25 километр роҳи деҳаи Гулзори шаҳри Кӯлоб мумфарш карда мешавад
Дар Мурғоб коргоҳи маҳсулоти қаннодии «Нозанин» ва 5 гармхона ба фаъолият шуруъ намуданд
Дар назди муассисаҳои таълимии ноҳияи Ванҷ синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуд
50 километр роҳи деҳоти Ҳисор ва Ориён то сарҳади Узбекистон таъмир мегардад
Дар Мурғоб калонтарин неругоҳи офтобӣ ба истифода дода шуд
Дар Шуғнон корхонаҳои саноатӣ ва иншооти соҳаҳои тандурустӣ ва маориф ба истифода дода шуданд
Дар Хоруғ кӯдакистонҳо, маркази обуҳавошиносӣ ва майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Мурғоб муассисаи таълимии томактабии «Лола» ба истифода дода шуд
Дар Бадахшон муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ ба истифода дода шуданд
Сохтмони бинои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд идома дорад
35-СОЛАГИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Спитамен беш аз 600 иншоот сохта ба истифода дода мешавад
Дар шаҳри Истаравшан сохтмони зиёда аз 20 иншооти соҳаи маориф идома дорад