ҚАДАМИ УСТУВОРУ БОВАРИБАХШ ДАР САМТИ ОЗОДИИ ВИҶДОН ВА ЭЪТИҚОДИ ДИНӢ. Андешаҳо дар ҳошияи мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони аҳли ҷомеа ва ходимони дин

Март 14, 2024 08:27

ДУШАНБЕ, 14.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Истиқлоли давлатӣ  дар таърихи миллати тамаддунофар ва фарҳангсолори тоҷик падидаи шоиставу ибратбахш ва омӯхтанӣ ба шумор рафта, баъди муддати дароз ва кӯшишу заҳмати абармардони миллат дубора ба даст омадаву рисолати таърихиашро имрӯз идома медиҳад. Таърих гувоҳ аст, ки баъди барҳам хӯрдани давлати миллии тоҷикон – Сомониён халқи тоҷик муддати дарозе бе давлатдории мустақили миллӣ монда буд. Хушбахтона, дар оғози солҳои 90-ум ба мо муяссар гардид, ки дубора давлати соҳибихтиёру мустақил бунёд намоем. Гарчанде ки душманони миллат ва гурӯҳҳои манфиатхоҳ борҳо кӯшиши рахна намудани истиқлолият ва ба коми нестӣ кашидани ин давлат ва ин сарзамини муқаддасро намуданд, вале тирашон хок хӯрдаву мақсадҳои нопокашон амалӣ нагардид. Ин аст ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста дар суханрониҳояшон бобати арзишҳое, ба монанди истиқлолу озодӣ таъкидҳои судманд намуда, ҷавонону наврасонро ҳамчун меросбарони ояндаи давлату миллат эътироф менамоянд.

9 марти соли 2024 дар “Кохи Ваҳдат” Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо масъулини мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, намояндагони фаъоли аҳли ҷомеа, олимон ва ходимони дин мулоқот намуда, вобаста ба равандҳое, ки дар ҷаҳони муосир идома доранд, аз ҷумла бархӯрди фарҳангу тамаддунҳо, тафриқа ва низоъҳои диниву мазҳабӣ, густариши бесобиқаи терроризму экстремизми динӣ ва монанди инҳо, ки василаи истифодаи қувваҳои гуногуни манфиатхоҳ гардидаанд, ҳамзамон таъсири номатлуби терроризму экстремизми динӣ ба ҷомеа ва давлат андешаронӣ намуданд.

Сарвари давлат мардуми кишварро дар моҳи Рамазон ба хайру садақот, некию накукорӣ ва амалҳои неку ҳамидаи инсонӣ даъват намуданд ва барои рафъи камбудиҳои дар ин самт ҷойдошта ба масъулин супоришҳои мушаххас доданд.

Баланд бардоштани сатҳи фарҳанг ва ахлоқи ҳамидаи инсонӣ, дарки арзишҳои миллӣ яке аз ҳадафҳои асосии давлату Ҳукумат ба ҳисоб рафта, дар ин самт корҳои назаррас анҷом дода мешаванд. Маҳз фаъолияти босамари Пешвои миллат ва мақомоти давлатӣ мебошад, ки имрӯз миллати тоҷик ва мардуми шарифи Тоҷикистон аз ҳувияти миллиашон огоҳ буда, бо ҳисси баланди худшиносию худогоҳӣ барои пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ кӯшиш ба харҷ медиҳанд. Аз давраи ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ то имрӯз ҳазорон нафар соҳибкорону тоҷирон, шахсони саховатпеша ва афроди бонангу номуси ҷомеа сиёсати инсондӯстонаи давлату Ҳукумат ва Пешвои муаззами миллатро дастгирӣ намуда, дар пешрафти соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат саҳм мегузоранд.

Ба ҳамаи онҳое, ки иқдоми наҷибу созандаи давлату Ҳукуматро пайваста дастгирӣ намуда, дар пешрафти ватани маҳбубамон саҳм мегузоранд, Роҳбари давлат шахсан изҳори сипос намуда, чунин изҳор намуданд: “Ана ин аст кори савобу амали хайр, ки боиси ризоияти Худованд гардида, савобу самараи ин амалҳои нек ба ҳафт пушти инсон мерасад ва дар номаи аъмоли ҳам худаш ва ҳам гузаштагонаш, ки ин гуна фарзанди солеҳро ба камол расонидаанд, навишта мешавад”. Воқеан, амали онҳое, ки то имрӯз беморхонаву бунгоҳҳои тиббӣ, роҳу пул, мактабу муассисаҳои таълимӣ, кӯдакистонҳо, ҳамзамон корхонаҳои саноатӣ ва дигар иншооти таъйиноти гуногунро бунёд намуда,  шумораи зиёди сокинони мамлакатро бо ҷойи кор таъмин намудаанд, шоёни таҳсину офарин мебошад.

Истиқлоли давлатӣ дар самти озодии виҷдон ва эътиқоди динӣ шароити созгору мусоид муҳайё намуда, имрӯз шаҳрвандони мо имкон доранд фаризаҳои диниашонро озодона анҷом диҳанд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаҳои ҳуқуқӣ ва кафолатҳои мукаммали ҳуқуқи инсон ба озодии виҷдон ва эътиқоди динӣ мавҷуд мебошад. Озодии виҷдон ва эътиқоди динӣ дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мустаҳкам гардида, ҳамзамон дар дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ”, “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Консепсияи сиёсати давлатӣ дар соҳаи дин ва ғайра мавриди танзим қарор гирифтааст.

Маҳз Истиқлоли давлатӣ ва бунёди давлату давлатдории миллӣ сабаб гардид, ки миллати тамаддунсолори тоҷик дубора имконият пайдо намуд арзишҳои миллӣ ва диниашро эҳё созад ва мардум аз дину мазҳаби аҷдодӣ, пирони илму адаб ва бузургони илму хирад, ба монанди Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, Абуалӣ ибни Сино, Абдураҳмони Ҷомӣ, Муҳаммади Хуҷандӣ, Абурайҳони Берунӣ, Муҳаммади Ғаззолӣ, Носири Хусрави Қубодиёнӣ, Мир Саид Алии Ҳамадонӣ ва ғайра бохабар гардида, аз осори гаронарзиши онҳо бархӯрдор бошанд ва дар симои ин олимону орифон миллати решабатаърихи тоҷикро ба ҷаҳониён муаррифӣ намоянд. Эҳё ва бознашри асарҳои гаронарзиши олимону донишмандони миллати тоҷик дастоварди даврони соҳибихтиёрӣ буда, ҳамчун меваҳои ширини аз ҷониби аҷдодонамон коштаву замони соҳибдавлатӣ самар оварда, барои рушди имрӯз ва минбаъдаи давлату миллат ва баланд бардоштани ҳисси худшиносию худогоҳии шаҳрвандон заминаҳои муҳими маънавию ахлоқӣ фароҳам меоваранд.

Яке аз унсурҳои муҳими тамаддуну фарҳанг, ки метавонад миллати куҳанбунёди тоҷикро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ намояд, ин расму ойинҳои миллӣ ва маросиму идҳои динӣ ба шумор мераванд. Имрӯз мардуми шарифи Тоҷикистон таҳти парчами сулҳу субот ва бо шукргузорӣ аз давлати соҳибистиқлолу соҳибихтиёр имкон доранд ҷашну маросими миллию динӣ, аз ҷумла Наврӯз, Меҳргон, Сада, Тиргон, ҳамчунин идҳои Рамазону Қурбонро ҷашн гиранд. Таҷлили ин ҷашнвораҳо ҷузъи ҷудонашавандаи фарҳанги миллӣ маҳсуб шуда, ифтихор аз ниёгон, давлату давлатдорӣ ва таърихи куҳанбунёди миллати тоҷик ба ҳисоб меравад.

Озодии виҷдон ва эътиқоди динӣ яке аз ҳуқуқҳои асосӣ дар низоми ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд маҳсуб шуда, дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон кафолат дода шудааст. Бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид ба шаҳрвандони мамлакат барои амалӣ намудани озодии виҷдон ва озодии пайравӣ ба дин Ҳукумати Тоҷикистон корҳои муҳим ва назаррасро ба анҷом расонидаву мерасонад. Аз ҷумла, таҷлил намудани бузургдошти шахсиятҳои бузурги таърихӣ, фарзандони фарзонаи миллати тоҷик, ба монанди Абуҳанифа Нуъмон ибни Собит, ки машҳур бо номи Имоми Аъзам аст, Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, Абуалӣ ибни Сино, Абдураҳмони Ҷомӣ, Муҳаммади Хуҷандӣ, Абӯрайҳони Берунӣ, Муҳаммади Ғаззолӣ, Носири Хусрави Қубодиёнӣ, Мир Саид Алии Ҳамадонӣ ва дигарон, ҳамзамон ба забони тоҷикӣ тарҷума, нашр ва ба мардуми Тоҷикистон дастрас гардонидани Қуръони Карим далели гуфтаҳои боло аст. Тавре Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ишора намуданд: “Мо тасмим гирифтаем, ки ин гуна иқдом, аз ҷумла нашри тоҷикии матни Қуръони Каримро минбаъд низ идома диҳем, то ин китоби муқаддас барои пок нигоҳ доштани асолати динии мардумамон дар ҳар хонадони мамлакат мавҷуд бошад”.

“Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ ба ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ҳамчун арзиши олӣ муносибат намуда, барои амалӣ гардонидани онҳо усулу воситаҳои заруриро дар сохтори давлатӣ ташаккул дод” – иброз намуданд зимни мулоқот Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон. Дарвоқеъ, пас аз касби Истиқлоли давлатӣ дар сатҳи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ ҳамчун арзиши олӣ эълон гардиданд. Давлати мо дар самти ҳуқуқу озодиҳои инсон ба дастовардҳои назаррас ноил шуда, дар ин давра муҳимтарин санадҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуданд ва қонунгузории миллӣ бо меъёру стандартҳои байналмилалӣ мувофиқ кунонида шуд.

Дар самти таъмини ҳуқуқи инсон ба озодии виҷдон ва эътиқоди динӣ низ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон якчанд тадбирҳои самарабахш андешида шуданд. Махсусан ба хотири амалӣ гардидани ҳуқуқи инсон ба озодии виҷдон ва эътиқоди динӣ дар мамлакат Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим дар назди Ҳукумат, Муассисаи давлатии Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти мамлакат, Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам таъсис дода шуданд. Ҷиҳати танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ ва дар доираи қонун амалӣ намудани эътиқоди динӣ, ҳамзамон дур намудани шаҳрвандон аз хурофотпарастию сарфакорӣ қабули қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» иқдоми саривақтии давлату Ҳукумат ба шумор меравад.

Сарвари давлат хотираи неки ниёгонамонро шод намуда, бо ифтихор аз хизматҳои созгори онҳо барои миллати тоҷик ва умуман уммати Ислом ёдоварӣ ва таъкид намуданд, ки мардуми Тоҷикистон,  махсусан ҷавонону наврасон бояд ифтихор аз он дошта бошанд, ки меросбари шахсиятҳои бузурги илмию ахлоқие, ба монанди Имом Абуҳанифа, ки зиёда аз 60%-и мусалмонони рӯи Замин пайравони мазҳаби ӯ мебошанд, Имом Бухорӣ, ки илми ҷаҳонӣ ва кулли мусалмонони олам «Ҷомеъ – ус – саҳеҳ»-и ӯро саҳеҳтарин китоб баъди Китоби Худо, яъне Қуръони карим медонанд, Мавлоно Ҷалолиддин Балхӣ, ки бо асари безаволаш- “Маснавии маънавӣ” машҳури олам гаштааст, ба шумор мераванд.

Тавре Президенти Тоҷикистон иброз намуданд: “Ҳар фарди ин сарзамин ва ҳар наврасу ҷавони он, ки бо решаҳои таърихиву забонӣ ва фарҳангиву маънавӣ бо миллат ва халқи тоҷик пайванди ногусастанӣ дорад, бояд бо ифтихор иброз намояд, ки ман тоҷикам, набера ва меросдори аҷдоди бофарҳанге ҳастам, ки барои рушди илму фарҳанг ва тамаддуни башарӣ, инчунин ҳифзи асолати дини мубини Ислом хизмати басе арзишманд карда, дар олами ислом ҷойгоҳи сазоворро соҳиб гардидаанд”.

Дарвоқеъ, мардуми сарбаланди Тоҷикистон вазифадор ҳастанд, ки пеш аз ҳама, аз ниёгонашон бохабар бошанд, аз фаъолияту корнамоиҳои онҳо огаҳӣ дошта бошанд, таърихи пайдоиш ва моҳияти ҳақиқии дини мубини Исломро дуруст сарфаҳм раванд ва дар замони муосир – авҷи бархӯрди тамаддунҳо ва фаъолияти гурӯҳҳои манфиатхоҳ, ҷудоиандоз, ки мақсади асосии онҳо бо ҳар роҳу воситае ноором сохтани фазои ҷомеаи ҷаҳонӣ, махсусан давлатҳои миллӣ мебошад, бо донишу фарҳанги баланди сиёсиву ҳуқуқӣ устувор бошанд.  Аз ин рӯ, дар чунин вазъият мо, халқи Тоҷикистон ҳамчун узви ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд бо мақсади ҳифзи Истиқлолу озодӣ ва амнияти давлату ҷомеа қонунҳои амалкунандаи давлатро қатъиян риоя намуда, ҳамзамон арзишҳои созандаи дини исломро ҳифз намоем ва кӯшиш намоем бо ин роҳу восита паҳншавии тафриқаандозиву ифротгароиро барҳам занем. Зеро натиҷаи бетарафӣ ва беэътиноиро миллати тоҷик дар оғози солҳои 90-ум, дар рӯзҳои аввали соҳибистиқлолии мамлакат эҳсос намуда буд, ки фаромӯшношуданӣ аст.

Сафари Ҳаҷ ва зиёрати Каъба яке аз унсурҳои таркибии ба ҷо овардани эътиқоди динии мусалмонон ба шумор меравад. Шаҳрвандони Тоҷикистон бо мақсади ба ҷо овардани фаризаҳои диниашон сафари Ҳаҷ менамоянд. Афзоиши шумораи шаҳрвандоне, ки бо мақсади адои ин фаризаи динӣ сафари Ҳаҷ менамоянд, бозгӯи сатҳи баланди зиндагӣ дар Тоҷикистон аст. Давоми солҳои охир раванди адои фаризаҳои динӣ, махсусан Ҳаҷ нишон медиҳад, ки шаҳрвандони мамлакат аз ҷанбаҳои маънавӣ, динӣ ва фарзии Ҳаҷ дур шуда, бештар ба шакли зоҳирии он таваҷҷуҳ менамоянд, ки хеле нигаронкунанда аст. Зеро, баъзе аз онҳое, ки зиёрати Каъбаро анҷом медиҳанд, аслан ба талаботе, ки барои сафари Ҳаҷ намудан дар китоби муқаддаси Қуръон ва ҳадисҳои Паёмбари Ислом оварда шудааст, ҷавобгӯ нестанд. Аз ин рӯ, Сарвари давлат аз ояҳои Қуръон ва ҳадисҳои набавӣ иқтибос оварда, иброз намуданд, ки ҳар шахс бояд дар доираи қувват ва тавоноӣ сафари Ҳаҷ намояд. Яъне, давлат тамоми шароити заруриро барои ба ҷо овардани ин эътиқоди динӣ фароҳам овардааст, аммо шаҳрвандон бояд, пеш аз ҳама, сатҳи зиндагиашонро беҳтар намоянд, барои фарзандонашон шароити мусоиди зист ва таълиму тарбияро фароҳам оваранд, аз аҳволи ҳамсояҳои худ бохабар гардида, сипас, азми сафари Ҳаҷ намоянд. Тавре Пешвои миллат таъкид намуданд: “Мо бояд як нуктаи муҳимро дар хотир дошта бошем: дар шароите, ки мо хонаи обод надорем, макони зистамон ба талабот ҷавобгӯ нест, фарзандонамон ба сару либос, китобу дафтар ва дигар ҷиҳози хониш эҳтиёҷ доранд, ба падару модари худ хизмат карда, дили онҳоро аз худ шод накардаем, аз вазъи наздиконамон огоҳ нестем, зиёрати мо ба талаботи ислом ҷавобгӯ нахоҳад буд”.

Мақсад аз суханронии самимии Пешвои миллат ва ташкил намудани чунин вохӯрӣ он аст, ки ҳар сокини мамлакат бояд дар руҳияи худшиносӣ, худогоҳӣ, ватандӯстӣ, меҳанпарастӣ ва шукргузорӣ аз давлати ободу соҳибистиқлол тарбия ёфта, дар самти ҳифзи арзишҳои Истиқлоли давлатӣ, манфиатҳои миллӣ ва таҳкими давлатдории миллӣ саҳми арзишманд гузорад.

Ҷаҳонгир САЪДИЗОДА,
номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент, мудири кафедраи ҳуқуқи инсон ва ҳуқуқшиносии муқоисавии
факултети
ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

АКС аз бойгонӣ

Март 14, 2024 08:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Лоиҳаи Кодекси маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифӣ гардид
Омӯзгорон ва донишҷӯёни Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон барои табодули таҷриба ба Чин мераванд
Омӯзгорони Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон соҳиби сертификати байналмилалӣ гардиданд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Марҷумак растании серғизо, парҳезӣ, зудҳазм ва давоӣ буда, хатари сактаи дилро пешгирӣ менамояд
СОЛИ 2025 — СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Дар ин сол Тоҷикистон мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо мегардад
ТАВСИЯИ СУДМАНД. Ҳангоми гарм кардани хонаҳо бо ангишт қоидаҳои махсуси истифодаи онро риоя намоед
Ҳайати омӯзгорони Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо роҳбарияти Донишгоҳи Ситии Малайзия мулоқот намуд
ИНТИХОБОТ-МАЪРАКАИ МУҲИМИ СИЁСӢ. Он ягона чорабинии сиёсӣ аст, ки дар он ҳама ҳуқуқи иштироки баробар, ошкоро ва озод доранд
Соли 2024 дар таърихи мушоҳидаҳо соли аз ҳама гармтарин эътироф гардид
Дар Душанбе маросими ҳавасмандсозӣ ва ҷоизасупорӣ ба ғолибони даври ҷумҳуриявӣ ва байналмилалии олимпиадаҳои фаннӣ доир шуд
Муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон аз аккредитатсия гузаронида шуданд
Намояндагони Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ дар Малайзия вобаста ба омоданамоии кадрҳои баландихтисос вохӯрӣ намуданд