Ҳайати Шурои директорони Бонки ҷаҳонӣ бо Маркази саломатии деҳоти Дубедаи ноҳияи Файзобод шинос шуд
ДУШАНБЕ, 09.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Ҳайати Шурои директорони Бонки ҷаҳонӣ бо Маркази саломатии деҳоти Дубедаи ноҳияи Файзобод, ки дар доираи Лоиҳаи «Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ» дар назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта шудааст, шинос шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин вазорат.
Меҳмононро муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода, муовини якуми Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғафур Муҳсинзода, иҷрокунандаи Раиси ноҳияи Файзобод Мансур Каримзода ҳамроҳӣ намуданд.
Дар доираи татбиқи Лоиҳаи «Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ» бо мақсади беҳтар намудани инфрасохтори кумаки аввалини тиббию санитарӣ дар ноҳияи Файзобод ду маркази саломатии деҳот- «Дубеда» ва «Орифон» сохта, ба истифода дода шуд ва ҳарду муассиса бо таҷҳизот ва мебели тиббӣ пурра таҷҳиз гардид.
Татбиқи Лоиҳаи «Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ» бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ дар ноҳияи Файзобод дар доираи маблағгузории иловагии якум соли 2016 оғоз ёфта, ба баланд бардоштани сифат ва дастрасии хизматрасонии тиббӣ дар ноҳияҳои таҷрибавии ҷумҳурӣ равона шудааст.
Яке аз қисматҳои асосии лоиҳа вориднамоии механизми маблағгузории муассисаҳои кумаки аввалини тиббию санитарӣ аз рӯи натиҷаҳои фаъолият буда, пардохтҳои ҳавасмандкуниро барои муассисаҳои тиббии таҷрибавӣ пешбинӣ менамояд.
Ҳамчунин дар ин рӯз меҳмонон бо Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии барқарорсозии солимии кӯдакон» низ шинос шуданд.
АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон










Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
МегаФон Тоҷикистон: МегаҚувва гигабайтҳоро дучанд менамояд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд






