Ҷаласаи 5-уми Гурӯҳи кории техникӣ оид ба воридкунии ваксина бар зидди вируси папилломаи одам дар Тоҷикистон баргузор шуд

Март 9, 2024 16:20

ДУШАНБЕ, 09.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбари муовини якуми вазир Ғафур Муҳсинзода ҷаласаи 5-уми Гурӯҳи кории техникӣ оид ба воридкунии ваксина бар зидди вируси папилломаи одам дар  Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин вазорат.

Дар ҷаласа иброз гардид, ки бо мақсади пешгирӣ намудани гардиши вируси папилломаи одам, ки сабабгори асосии гирифторӣ ба бемории саратони гарданаки бачадони занҳо мегардад, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифт, ки ваксина бар зидди вируси папилломаи одамро ба Тақвими миллии иммунизатсия ворид намояд. Бо ин мақсад дар назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Гурӯҳи кории техникӣ таъсис дода шуд.

Давоми моҳҳои феврал то майи соли 2023 Гурӯҳи корӣ ҳуҷҷати асосноккуниро оид ба моҳияти ворид намудани ваксина бар зидди вируси папилломаи одам дар Ҷумҳурии Тоҷикистон омода намуда, онро барои қабул ба Гурӯҳи миллии техникию машваратӣ оид ба иммунизатсия пешниҳод намуд.

Баъд аз омӯзиш ва таҳлили ҳуҷҷати асосноккунӣ Гурӯҳи миллии техникию машваратӣ оид ба иммунизатсия барои зарурати воридкунии ваксина бар зидди вируси папилломаи одам ба Тақвими миллии иммунизатсия қарор бароварда, ба вазорат пешниҳод намуд.

Бояд гуфт, ки бо дастгирии машваратчиёни Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дархости ҷумҳурӣ оид ба ворид намудани ваксина бар зидди вируси папилломаи одам ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омода шуда, 17 июли соли 2023 барои дастгирӣ ба котиботи Алянси глобалии ваксинаҳо ва иммунизатсия пешниҳод гардид.

Дар асоси ин дархост Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ тасмим гирифтааст, ки баъд аз ворид намудани ваксина иммунизатсияи нақшавии онро байни духтарони 10-сола гузаронад.

Дар баробари ворид намудани ваксина ба нақша гирифта шудааст, ки рӯзҳои иммунизатсияи оммавӣ бар зидди вируси папилломаи одам байни духтарони аз 11 то 15-солаи ҷумҳурӣ низ гузаронида шавад.

Дар асоси натиҷаҳои бадастоварда вазорат дар якҷоягӣ бо Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ба нақша гирифтаанд, ки «Нақшаи омодабоширо барои ворид намудани ваксина бар зидди вируси папилломаи одам ба Ҷумҳурии Тоҷикистон» то ворид намудани ваксина омода намоянд.

Барои дар сатҳи баланд гузаронидани чорабиниҳои омодабошӣ барои ворид намудани ваксина бар зидди вируси папилломаи одам ба ҷумҳурӣ ва гузаронидани рӯзҳои иммунизатсияи оммавӣ бар зидди вируси папилломаи одам якчанд чорабиниҳо ба нақша гирифта шудаанд.

АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Март 9, 2024 16:20

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид