Арҷгузорӣ ба Модар дар байни халқи тамаддунпарвари тоҷик решаҳои қадимӣ дорад

Март 7, 2024 18:10

ДУШАНБЕ, 07.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ба ифтихори Рӯзи Модар ҳамоиши идона баргузор гардид, ки дар он раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, занони собиқадори ҳизб, фаъолон ва кормандони дастгоҳи Кумитаи иҷроияи  вилоят ва ноҳияи Кӯшониён иштирок  намуданд.  Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи таблиғот ва матбуоти ин кумита хабар доданд.

Иброз гардид, ки Рӯзи Модар яке аз  хуҷастатарин идҳои мардуми тоҷик аст, ки дар даврони Истиқлолияти давлатӣ мақоми  расмӣ гирифт. Арҷгузорӣ ба Модар дар байни халқи тамаддунпарвари мо решаҳои қадимӣ дошта, аз адабиёти классикиамон сарчашма мегирад.

Гуфта шуд, ки    Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  нисбат ба Зан-Модари тоҷик эҳтироми хосса доранд. Имрӯз бо дастгирию ҳидоятҳои Пешвои миллат занону духтарони тоҷик дар арсаи роҳбарӣ нақши пешоҳангиро соҳиб гардидаанд.

Занони вилояти Хатлон низ бо дарки масъулияти баланди ватандӯстӣ қариб дар ҳама соҳаҳои хоҷагии халқ фаъолияти босамар дошта, бо иқдому ташаббусҳои созанда дар рушду пешрафти ин сарзамин саҳми арзанда мегузоранд.

Дар ҷаласа раиси Шурои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳри Бохтар ва раиси Шурои собиқадорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Бохтар аз хизматҳои шоистаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа изҳори хушнудӣ намуданд.

Дар анҷоми ҳамоиш ба занону модарон туҳфаҳо тақдим ва ба хотири болидаруҳии онҳо барномаи рангини фарҳангӣ пешкаш гардид.

 АКС: Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон

Март 7, 2024 18:10

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд