«ҶАВҲАРИ ҲАСТӢ». Таҳти ин унвон дар «Саноатсодиротбонк» ба ифтихори Рӯзи Модар ҳамоиши идона доир шуд

Март 5, 2024 15:44

ДУШАНБЕ, 05.03.2024. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Корхонаи воҳиди давлатии Бонки саноативу содиротии Тоҷикистон (КВД БССТ) «Саноатсодиротбонк» ба ифтихори Рӯзи Модар таҳти унвони «Ҷавҳари ҳастӣ» ҳамоиши идона доир гардид, ки дар он роҳбарзанони як қатор вазорату кумита ва ташкилоту идораҳои давлатӣ, занони соҳибкор, собиқадорони меҳнат ва кормандони бонк иштирок доштанд, хабар медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар».

Чорабинии идона бо намоиши театрӣ, ки он ба мавзуи арҷ гузоштан ба бузургии модар, ба ҷо овардани иззату эҳтиром ва расидан ба қадри заҳматҳои шабонарӯзии ӯ бахшида шуда буд, оғоз гардид.

Муҳтавои ин намоиши театрӣ аз он иборат буд, ки эҳтироми модар ва расидан ба қадрӣ ӯ вазифаи ҷониву имонии ҳар як фарзанди солимфикру соҳибхирад ва қарзи инсонии ҳар як фарди бонангу номус маҳсуб мешавад.


Раиси Раёсати КВД БССТ «Саноатсодиротбонк» Ҳокимшоҳ Бобозода иштирокдорони ҳамоиши идонаро бо фарорасии ин ҷашни фархунда таҳният гуфта, аз ҷумла чунин иброз дошт: «Тавре Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид менамоянд, мо вазифадорем, ки модарону бонувонро ҳамчун чароғи хонадон ва нигоҳдорандаи гармии ҳар як хонаву кошона дӯст дорем, ба қадри муҳаббату бедорхобӣ ва заҳмату талошҳои онҳо расем, эҳтиромашонро ба ҷо оварем ва кӯшиш намоем, ки модарону бонувон ва хоҳарону духтарони мо ҳамеша саломат, хушбахт ва саодатманд бошанд. Дар сатҳи давлатӣ ва бо тантанаву шукӯҳи хосса ҷашн гирифтани Рӯзи Модар нишонаи эътибору эҳтироми зиёди давлат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ нисбат ба модарону занон мебошад, зеро нақши онҳо дар ободии хонадон, тарбия кардану ба воя расонидани фарзандон, ба онҳо омӯзонидани забони модарӣ, одобу маънавиёт, парвариши эҳсоси баланди худшиносиву худогоҳӣ, ҳисси миллӣ ва ифтихори ватандорӣ беназир аст».


Раиси Раёсати КВД БССТ «Саноатсодиротбонк» афзуд, ки барои дастгирии занону духтарони соҳибкор грантҳои Президентӣ таъсис дода, тавассути маблағҳое, ки бо ин мақсад ҷудо мегарданд, саҳми занон дар рушди иқтисоди миллӣ торафт меафзояд. «Саноатсодиротбонк» низ ба ин масъала таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, барои дастгирии занон тадбирҳои муассир меандешад.

Сипас собиқадори меҳнат, собиқ Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Латофат Насриддинова сухан гуфта, ёдовар шуд, ки дар давоми зиёда аз 30 соли соҳибистиқлолӣ Ҳукумати мамлакат, бо дастгирӣ ва таваҷҷуҳи махсуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми тадбирҳоро андешиданд, ки мақом ва ҷойгоҳи иҷтимоии занону бонувонро дар муносибатҳои ҷамъиятӣ ва пешрафти давлат баланд бардоранд.

«Таҷрибаи ҳаёт собит месозад, ки дар ҳар давлате, ки ба модарону бонувон арҷи бештар мегузорад, аҳолии он осудаву пешрафта мебошад. Дар ҷумҳурии мо низ ба ин масъала диққати махсус медиҳанд. Масалан аз ибтидои таъсис додани квотаҳои Президентӣ то инҷониб ҳазорон нафар духтарон аз ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон бо истифода аз ин имтиёз ба мактабҳои олӣ дохил шуда, бархе аз онҳо алаккай соҳиби маълумоти олӣ ва касбу ҳунар гардида, ҳоло дар соҳаҳои мухталифи иқтисоди миллӣ муваффақона фаъолият карда истодаанд. Сафи духтарони соҳибмаърифати тоҷик, ки дар муассисаҳои олии кишварҳои хориҷӣ таҳсил мекунанд, сол ба сол меафзояд. Ин духтарон, ки фардо модар мешаванд, на танҳо соҳиби ихтисос гардида, мавқеи худро дар зиндагӣ мустаҳкам менамоянд, балки дар тарбияи фарзанд низ муваффақ мегарданд», — илова кард Латофат Насриддинова.

 

Таъкид гардид, ки маҳз мо, занону модарон дар навбати аввал метавонем дар чаҳорчӯбаи қонунҳои миллиамон – қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” амал карда, ҷиҳати беҳтар шудани некӯаҳволӣ ва шароити зиндагии хонаводаҳои худ ва тарбияи хуби фарзандон саҳми арзанда гузорем.

Дар ҳамоиши идона намояндагони дигар вазорату кумитаҳо ва соҳибкорон сухан гуфта, иброз доштанд, ки мо, занону модарони тоҷик бояд шукронаи озодиву соҳибихтиёрии давлатамон ва фазои орому осудаи Ватанамонро карда, бо истифода аз шароиту имкониятҳои муҳайёсохтаи Ҳукумати мамлакат барои пешрафти Тоҷикистони азиз содиқона ва боз ҳам бештар заҳмат кашида, ба хотири тарбияи наслҳои ояндасози миллат саъю талоши бештар намоем.

Рухсораи НУР,
Тоҳир САИД (АКС),

АМИТ «Ховар»

Март 5, 2024 15:44

Хабарҳои дигари ин бахш

ҚУРБИ АСЪОР: дар Тоҷикистон 1 рубли русӣ аз 0.1149 то 0.1170 сомонӣ муқаррар шудааст
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. «Амонатбонк» бо мақсади дастгирии иҷтимоии аҳолӣ қарзҳои имтиёзнок — «Кишоварз», «Автоқарз», «Занҳои муваффақ» ва «Қарзҳои ипотекӣ»-ро пешниҳод кард
ҚУРБИ АСЪОР: дар Тоҷикистон 1 доллари ИМА аз 10.9423 то 10.9500 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: дар Тоҷикистон 1 рубли русӣ аз 0.1158 то 0.1140 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: дар Тоҷикистон 1 евро аз 11.2975 то 11.3000 сомонӣ муқаррар шудааст
Таҳкими ҳамкории Бонки миллии Тоҷикистон бо Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ баррасӣ шуд
ҚУРБИ АСЪОР: дар Тоҷикистон 1 доллари ИМА аз 10.9413 то 10.9500 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: дар Тоҷикистон 1 рубли русӣ аз 0. 1153 то 0.1140 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар Бонки миллии Тоҷикистон нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ тавзеҳ дода шуданд
ҚУРБИ АСЪОР: дар Тоҷикистон 1 евро аз 11.4400 то 11.5500 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: дар Тоҷикистон 1 доллари ИМА аз 10.9056 то 10.9500 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: дар Тоҷикистон 1 евро аз 11.3920 то 11.3000 сомонӣ муқаррар шудааст