Ба кишоварзони ноҳияи Деваштич барои парвариши картошка ва тухмиҳои хушсифат тавсияҳо дода шуд
ДУШАНБЕ, 27.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Деваштич мулоқоти Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбон Ҳакимзода бо кишоварзон баргузор гардид, ки зимни он барои баланд бардоштани ҳосилнокии зироати кишоварзӣ тавсияҳо дода шуданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Вазири кишоварзӣ баҳри иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба истифодаи самараноку оқилонаи замину об, баланд бардоштани ҳосилнокии зироати кишоварзӣ, таъмини амнияти озуқавории мамлакат ва содироти маҳсулоти кишоварзии аз лиҳози экологӣ тоза ба бозорҳои байналмилалӣ изҳори андеша намуд.
Ҳамзамон дар вохӯрӣ барои таъмини кишоварзон бо тухмии зироат, нуриҳои минералӣ ва техникаҳои кишоварзӣ дар доираи лоиҳаҳо баҳри рушди минбаъда сухан гуфта шуд.
Ҳамзамон ба кишоварзон барои парвариши картошка ва тухмиҳои хушсифат тавсияҳо ва маслиҳатҳои судманд дода шуданд.
АКС: Маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






