Бахшида ба Рӯзи пойтахт Ниммарафони XIV байналмилалии Душанбе баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 30.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон 20 апрели соли 2024 Ниммарафони XIV байналмилалии Душанбе баргузор мегардад. Дар ин хусус қарори Раиси шаҳри Душанбе ба имзо расид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе.
Ба иттилои манбаъ, мусобиқаи байналмилалӣ бо мақсади устувор намудани робитаҳои ҳамкорӣ бо бародаршаҳрҳо ва шаҳрҳое, ки бо шаҳри Душанбе ҳамкории судманди иқтисодиву иҷтимоӣ доранд, баргузор мегардад.
Ёдовар мешавем, ки 15 апрели соли 2023 бахшида ба таҷлили Рӯзи пойтахти Тоҷикистон- шаҳри Душанбе Ниммарафони XIII байналмилалӣ дар сатҳи баланд баргузор гардида буд. Дар ин мусобиқа беҳтарин варзишгарон аз бародаршаҳрҳо ва шаҳрҳое, ки бо шаҳри Душанбе ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ доранд, аз қитъаҳои Аврупо, Амрико, Африқо ва Осиё иштирок намуданд.
Бояд гуфт, ки дар асоси қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба ифтихори Рӯзи пойтахт дар баробари Ниммарафони Душанбе инчунин дигар мусобиқаҳои варзишӣ, барномаҳои фарҳангиву оммавӣ ва озмунҳо баргузор мешаванд.
АКС: АМИТ «Ховар»








35 ШОҲКОРӢ ДАР ДУШАНБЕ. Дар даврони соҳибистиқлолӣ пойтахти Тоҷикистон ба яке аз шаҳрҳои зеботарини минтақа табдил ёфт
«БУРҶИ ДУШАНБЕ» — 77 ОШЁНА ВА 340 МЕТР БАЛАНДӢ. Сохтмони баландтарин иншоот дар пойтахти Тоҷикистон оғоз гардид
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бинои нави Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросимро ифтитоҳ намуданд
Имсол кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳоров мавриди истифода қарор дода мешавад
Шумораи воситаҳои нақлиёти мусофирбар дар шаҳри Душанбе 20 фоиз зиёд карда шуд
ДУШАНБЕИ ИДОНА. Дар пойтахти Тоҷикистон ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ омодагӣ мегиранд
Дар ноҳияи Синои пойтахт Муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии «Нури миллат» ба истифода дода шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар пойтахти Тоҷикистони соҳибистиқлол — Душанбе лоиҳаҳои азими роҳсозӣ татбиқ гардиданд
Дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт корхонаи истеҳсолии ҶСП «Нур Пласт» ба истифода дода шуд
РУШДИ БЕСОБИҚАИ ДУШАНБЕ ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияҳои Сино ва Шоҳмансури шаҳри Душанбе иншооти муҳим ба истифода дода шуданд
«Фестивали тобистонаи Душанбе – 2026» бо барномаи бошукуҳи фарҳангию фароғатӣ ҷамъбаст гардид






