БЕ ҲУҚУҚИ ИСТИРОҲАТ. Фаъолияти шабакаи мобилиро дар рӯзҳои истироҳат кӣ назорат мекунад?

Март 11, 2024 16:08

ДУШАНБЕ, 11.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар рӯзҳои ид садҳо ҳазор муштариён якдигарро табрик менамоянд: занг мезананд, SMS, расмҳо ва видеороликҳо ирсол мекунанд. Ва танҳо баъзеи онҳо дар фикри он мешаванд, ки агар кормандони ширкатҳои телекоммуникатсионӣ фаъолияти шабакаро шабонарӯзӣ назорат намекарданд, ҳамаи ин имконпазир намешуд. Пас ин муҳофизони нонамоёни шабакаҳои мобилӣ кӣ ҳастанд ва чаро онҳо ҳатто шаби соли нав барои худ навбатдориро ихтиёр менамоянд?

Шабака ба ид омода мешавад 

23 Феврал, 8 Март, Наврӯз, Рӯзи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон… Дар тақвим бисёр рӯзҳое ҳастанд, вақте трафики овозӣ ва интернет дар шабакаи мобилӣ аз нишондиҳандаҳои рӯзи муқаррарӣ зиёдтар мешавад. Мисоли намунавӣ – Соли нав. Давоми шаби 1 январи соли 2024 муштариёни ширкати «МегаФон Тоҷикистон» 33 миллион зангҳо анҷом дода, қариб 4,5 миллион SMS-паёмакҳо ирсол намудаанд ва 1 150 Тб интернетро истифода бурдаанд. Танҳо трафики интернет нисбат ба соли гузашта 25% афзоиш ёфтааст. Пас чӣ тавр таҷҳизоти алоқа ба сарбории «рекордӣ» тоб овард ва ба ҳар муштарӣ муяссар шуд, ки наздикону дӯстонашро табрик намояд?

Гап сари он аст, ки оператор омодагиашро ҳамеша пешакӣ – якчанд ҳафта ва ҳатто якчанд моҳ пеш аз фарорасии санаи сурх дар тақвим оғоз менамояд. Муҳандисони ширкати «МегаФон Тоҷикистон» тарзи фаъолияти шабакаро дар вақти идҳои гузашта таҳлил менамоянд. Нақшаи чорабиниҳоро бо назардошти ҷойҳое, ки дар онҳо муштариён бештар ҷамъ меоянд, масалан майдонҳое, ки дар онҳо консертҳо баргузор мешаванд, тартиб медиҳанд. Баҳри таъмини таҷҳизоти алоқа бо неру тамоми тадбирҳоро меандешанд, ҳангоми зарурат ба пойгоҳҳои базавӣ генераторҳои иловагии дизелиро бурда мерасонанд. Инро низ пешакӣ кардан зарур меояд, зеро дар рӯзи ид ҳаракати нақлиёт дар ин ё он макон метавонад қатъ шавад. Дар майдонҳои чорабиниҳои бузург баъзан якчанд пойгоҳҳои базавии сайёр ба кор бурда мешаванд. Дар маҷмуъ, қобилияти гузариши шабака дар вақти ид то 30% васеъ мешавад. Лекин дилхоҳ корҳои техникӣ назорати одамро тақозо менамоянд. Бо ҳамин сабаб вақте тамоми ҷумҳурӣ  истироҳат мекунад, мутахассисони алоқа ба навбатдорӣ мебароянд.

Навбатдориро дар ҳудуди ҷумҳурӣ кӣ ба зимма дорад?

Дар ширкатҳои телекоммуникатсионӣ хадамоте ҳастанд, ки агар бо образ гӯем, умуман ҳеҷ гоҳ хоб намераванд. Ҳамин тавр, 24 соати шабонарӯз ба муштариёни ширкати «МегаФон Тоҷикистон» Хадамоти мизоҷон дастрас аст – саволро ба мушовирон дилхоҳ вақт додан мумкин аст. Сарфи назар аз рӯзҳои ид ва истироҳат аз болои фаъолияти шабака шуъбаи идоракунии техникӣ назорат мебарад. Бригадаҳои эътинои фаврӣ, ки дар ҳар минтақаи Тоҷикистон мавҷуд ҳастанд, энергетикон ва ронандагон низ навбатдор меистанд. Системаи иттилоотӣ-биллингӣ ҳам, ки барои нархгузории дурусти ҳамаи хизматрасонии алоқа ҷавобгар мебошад, таҳти назорати шабонарӯзӣ қарор дорад. Хуллас, ширкат дар саросари мамлакат ҳамеша навбатдорон дорад. Лекин дар рӯзҳои ид миқдори онҳо, албатта, меафзояд. Масалан, дар департаменти хизматгузории инноватсионӣ ва технологияҳои иттилоотӣ, ки он аз ҷумла барои биллинг ҷавобгар мебошад, 31 декабри соли 2023 ҳашт мутахассис навбатдор истода буд.

Дар рӯзҳои ид кӣ кор мекунад? Одатан кормандони нисбатан сертаҷрибае, ки ба мушкилиҳои мураккаб мустақилона расидагӣ карда метавонанд. Бисёриҳо ҳатто на ба тариқи навбат, балки ихтиёрӣ навбатдор меистанд.

«Коркунӣ дар рӯзҳои идона хеле ҷолиб аст, ин масъулияти баланд буда,  барои санҷидани донишу қобилият низ имконияти беҳтарин мебошад. Назорати тарзи фаъолияти система дар шаби соли нав, ҷараёни зиёду камшавии сарбории махзани маълумот, пешбинӣ намудани роҳҳои бетаъхир ҳал кардани мушкилиҳо ҳангоми ба миён омадани онҳо – имконияти олӣ барои такмили донишу малакаҳо ба ҳисоб меравад», — мегӯяд роҳбари шуъба оид ба корбурди системаҳои тиҷоратии ширкати «МегаФон Тоҷикистон» Азизҷон Раҷабов.

Лекин гап на танҳо сари мароқи касбӣ ва кӯшиши такмилёбии ҳаррӯза аст. Маҳз дар рӯзҳои ид навбатдорон дар саросари ҷумҳурӣ махсусан дақиқ дарк менамоянд, ки барои чӣ ва баҳри кӣ онҳо кор мекунанд. Зеро фаъолияти устувори шабака боиси гуфта шудани миллионҳо сухани гарму самимие мешавад, ки муштариёни ширкат онҳоро мешунаванд ва мехонанд.

«Соли равон ман дар Соли нав навбатдор будам. Хеле шод аз онам, ки ҳамааш хуб гузашт. Лекин як қисми ширкати бузурги рақамӣ будан маънои онро дорад, ки ҳам дар рӯзи корӣ ва ҳам дар рӯзи истироҳат бояд кор карда тавонӣ. Ҳар боре, ки ман навбатдориро ба зимма дорам, ман дарк мекунам, ки алҳол сифати алоқа аз ман вобаста аст», — мегӯяд муҳандиси калони шуъбаи корбурди системаҳои энергетикии ҷузъҳои бузурги шабакавӣ ва пойгоҳҳои базавӣ ширкати «МегаФон Тоҷикистон» Игор Ширшов.

Мехоҳед дар қатори онҳое бошед, ки сокинони Тоҷикистонро бо алоқаи устувор таъмин карда, ҷиҳати ба ҳар муштарӣ фароҳам овардани имкони шунидани овози наздикон ва истифодаи интернет ҳатто дар рӯзҳои ид ва ҳангоми сарбории зиёди шабака тамоми кӯшишҳоро ба харҷ медиҳанд? Пас анкетаро  дар сомона пур карда, вориди тими «МегаФон Тоҷикистон» шавед! Шумо, бешубҳа, аз самараи фаъолиятатон ифтихор менамоед.

АКС: ширкати «МегаФон Тоҷикистон»

Март 11, 2024 16:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Изҳороти Шурои сиёсии Ҳизби демократи Тоҷикистон
Дар шаҳрҳои Исфара ва Конибодом ба иштирокчиёни ҷанги солҳои 1941-1945 кумакпулии яквақта расонида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
11 май Анҷумани ғайринавбатии Ҳизби демократии Тоҷикистон баргузор мегардад
Кормандони Саридораи ҳифзи сирри давлатӣ бо медалҳои ҷашнӣ сарфароз шуданд
НОМ ДАР ХАРИТА. Чӣ тавр дар Тоҷикистон «устодони алоқа»-ро қадрдонӣ менамоянд
«РАДИО МАКТАБИ БУЗУРГ АСТ…». Имрӯз Рӯзи ҷаҳонии ихтирои радио ва кормандони соҳаи алоқа мебошад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 30 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Восеъ 19 ҳазору 540 нафақагир сабти ном шудаанд
Масоили марбут ба ташкили давраи омӯзишӣ дар бахши фанновариҳои иттилоотӣ ва иртиботӣ баррасӣ шуд
Теъдоди ҳалокшудагони обхезӣ дар Бразилия аз 70 нафар гузашт
Дар шаҳри Душанбе шабакаи байналмилалии беморхонаҳо «ACIBADEM» ифтитоҳ гардид