Дар Ҷамоати деҳоти Қалъанаки ноҳияи Рашт Наврӯз бо оростани дастурхони идонаи ҳафтсину ҳафтшин баргузор гардид
РАШТ, 25.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар деҳаи Хуфаки Ҷамоати деҳоти Қалъанаки ноҳияи Рашт ҷашни Наврузи байналмилалӣ бо шукуҳу шаҳомати хосса баргузор гардид. Дар тантанаҳои идона хонандагону омӯзгорон ва аҳли деҳа хурсандона иштирок намуда, дастурхони идонаи ҳафтсину ҳафтшин ороста, суманаку ва дигар хӯрокҳои миллӣ омода намуданд. Дар ин хусус масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд иттилоъ доданд.
Мудири шуъбаи кишоварзии ноҳияи Рашт Мирзовалӣ Латифов иброз дошт, ки Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон замина гузошт, ки Ҳукумати мамлакат ба таъриху фарҳанг ва ҷашну маросими мардумӣ таваҷҷуҳи хосса диҳад ва барои эҳёи арзишҳои миллӣ талош намояд. Дар қатори ҷашнҳои миллию мардумӣ таҷлили ҷашни Наврӯз байни мардуми тоҷик ва тоҷикистониён мақоми калидӣ дорад. Бояд гуфт, ки ҷаҳонишавии ҷашни Наврӯзи оламафрӯз ва дар сатҳи байналмиллалӣ таҷлил намудани он нишонаи аз тарафи халқҳои гуногуни ҷаҳон эътироф гардидани бузургии он мебошад».
Имрӯзҳо дар асоси нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт сокинони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва муассисаҳои таълимии ноҳия бо баргузор намудани анъанаҳои неки ниёгон Наврӯзи байналмилалиро ҷашн гирифта истодаанд. Инчунин бо мақсади арҷгузорӣ ба анъанаҳои миллӣ, эҳсоси ватандӯстиву худшиносии миллӣ, инчунин баланд бардоштани ҳисси зебоипарастии занону духтарон ва тарғиби либосҳои миллӣ, дурӣ аз фарҳанги бегона дар доираи нақшаи ҷашни Наврӯз дар ҳамаи ҷамоатҳои шаҳраку деҳот аксияи тарғиботии «Тоҷикона мепӯшем!» ва Фестивал-озмуни «Сад ранги чакан» байни духтарон мегузарад.
Аз омадани Наврӯз, қабл аз ҳама, кӯдакон бо баргузории маросими «Гулгардонӣ» ба дигарон пайғом мерасонанд. Ин маросим як ҳафта қабл аз Наврӯз, яъне дар аввали даҳаи дуюми моҳи март аз сӯйи гурӯҳи кӯдакон, ки дар даст гулҳо доранд, иҷро мешавад. Дар ноҳияи Рашт маросими «Гулгардонӣ», ки кӯдакони гулгардон ба ҳар манзил наздик шуда, бо қироати шеър фарорасии фасли баҳорро ба соҳибони он хонадон шодбош мегӯянд, баргузор гардид.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар ҶДММ «Бозори Корвон плюс» вохӯрӣ доир шуд
Интернет барои идора: чӣ тавр метавон кормандонро бо дастрасии боэътимод таъмин кард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Сокинони ноҳияи Лахш имсол дар майдони 5552 гектар картошка шинонданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Ваҳдати миллӣ асоси татбиқи ҳадафҳои стратегӣ дар солҳои соҳибистиқлолӣ мебошад
Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон яке аз муҳимтарин дастовардҳои байналмилалӣ-ҳуқуқии охири асри XX ба ҳисоб меравад
Номи «пиряхи Ванҷях» ба «пиряхи Тоҷикистон» иваз карда шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Бохтар таҳти унвони «Номи неки қаҳрамонон ҷовидон мемонад» конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН. Дар панҷ моҳи соли равон дар пойтахт 37 маротиба аксияи «Тозагии соҳил» ва 34 маротиба аксияи «Тозагии маҳал» доир гардид






