Дар ҷануби Фаронса бар асари обхезӣ ва бориши зиёд се нафар ҳалок гардид
ДУШАНБЕ, 11.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бар асари обхезӣ ва боронҳои сел дар ҷануби Фаронса се нафар ҳалок ва чаҳор нафари дигар бедарак шудаанд. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС хабар медиҳад, дар ин хусус шабакаи телевизионии BFMTV иттилоъ додааст.
Додситонӣ тасдиқ намуд, ки яке аз ҳалокшудагон- белгиягӣ- сарфи назар аз аломатҳои огоҳкунанда кӯшиш намудааст, ки бо мошинаш аз пули зери обмонда дар маҳаллаи Ганйер (департаменти Гар) гузарад. Ду нафари дигар дар маҳаллаи ҳамсояи Гударг низ бар асари ин офати табиӣ дар мошинҳояшон ҳалок шудаанд.
Илова бар ин, наҷотдиҳандагон чаҳор сокини дигарро ҷустуҷӯ доранд.
Обуҳавошиносон қаблан дар 10 департамент дар ҷануби Фаронса бар асари таҳдиди боронҳои шадид ва обхезӣ сатҳи баланди хатари иқлимиро эълон намуда буданд.
АКС аз манбаъҳои боз








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
МегаФон Тоҷикистон: МегаҚувва гигабайтҳоро дучанд менамояд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд






