Дар Бадахшон масъалаи таъмири роҳҳои дорои аҳамияти маҳаллӣ баррасӣ гардид

Март 29, 2024 14:07

ДУШАНБЕ, 29.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон масъалаи танзими ҳаракати нақлиёти ҷамъиятӣ ва таъмири роҳҳои дорои аҳамияти маҳаллӣ  баррасӣ гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон  хабар медиҳад.

Раиси вилоят таъкид дошт, ки ҳамасола аз буҷети Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вилоят барои таъмири роҳҳо маблағи муайян ҷудо мегардад, ки он бояд мақсаднок истифода шавад. Бо дастгирии Ҳукумати мамлакат, хосса Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шоҳроҳи Душанбе-Хоруғ-Кулма навсозӣ гардида, имрӯзҳо кор дар ин самт аз маркази ноҳияи Дарвоз то даромадгоҳи ноҳияи Рӯшон бо маром идома дорад. Ҳоло марҳила ба марҳила роҳҳои ҳудуди вилоят пурра навсозӣ мегарданд.

Дар робита ба ин раисони шаҳру ноҳияҳо муваззаф гардиданд, ки роҳҳои дорои аҳамияти маҳаллиро дар доираи имконияташон таъмир намуда, ба рафту омади сокинон ба маркази вилоят ва ноҳияҳо мусоидат намоянд.

Иброз гардид, ки солҳои минбаъда роҳҳои ноҳияҳо низ бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра навсозӣ мегарданд.

Раис вилоят масъулини Раёсати Хадамоти назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёти вилоят, Корхонаи воҳиди давлатии «Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ» ва шуъбаи зиддиинҳисориро вазифадор намуд, ки барои танзими нархи роҳкиро дар хатсайрҳои амалкунанда чораҷӯӣ намоянд.

Ҳамзамон барои вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ, сабзазоркунӣ ва тоза намудани атрофи роҳҳо, инчунин дар ҳар ноҳия дар шафати роҳҳо шинонидани дарахтони ороишӣ ва сояафкан дастур дода шуд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

Март 29, 2024 14:07

Хабарҳои дигари ин бахш

8 июл дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар якчанд кумитаву идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Навгониҳои электронӣ дар самти рақамикунонии хизматрасониҳои андоз муаррифӣ гардид
Пагоҳ дар якчанд кумитаву идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имсол Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Узбекистон, Давлати Қатар, Беларус ва Қирғизистон доир гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Вазорати фарҳанг, Кумитаи телевизион ва радио, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ ва Академияи идоракунии давлатӣ нишасти матбуотӣ баргузор мешавад
Пагоҳ дар Вазорати фарҳанг, Кумитаи телевизион ва радио, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ ва Академияи идоракунии давлатӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар муассисаҳои таълимии шаҳри Панҷакент бино ва синфхонаҳои иловагӣ сохта мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
250 кӯдак дар «Чангоб» ба истироҳат фаро гирифта шуданд