Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Рӯзи Модар таҷлил гардид

Март 4, 2024 13:52

ДУШАНБЕ, 04.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи Модар, ки ҳамасола дар Тоҷикистон 8 март таҷлил мегардад, дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид, ки дар он намояндагони вазорату идораҳои давлатӣ, омӯзгорони филиалу коллеҷҳо ва литсейҳои донишгоҳ, омӯзгорони филиалу коллеҷҳо ва литсейҳои донишгоҳ дар вилоятҳои Хатлону Суғд, хабарнигорон, занону духтароне, ки дар бахшҳои гуногун ва вазифаҳои пурмасъулият фаъолият доранд, иштирок намуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Зимни ҷамъомади тантанавӣ ректори донишгоҳ Убайдулло Асрорзода иброз намуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат,

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз намуданд, ки «мо дар даврони соҳибистиқлолӣ мақоми занонро дар ҷомеа марҳала ба марҳала баланд бардошта, барои онҳо шароити муносиби фаъолият фароҳам овардем».

Воқеан, Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба неруи созандаи занон-модарони мамлакат  боварии комил доранд ва мақому манзалати онҳоро дар раванди идоракунии давлатӣ сол то сол баланд мебардоранд, зеро нақши занону духтарон дар пойдории сулҳу субот, ҳифзи арзишҳои милливу фарҳангӣ, дар ниҳоди фарзандон тарбия намудани ҳисси ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ, инсондӯстиву масъулиятшиносӣ, инчунин пешгирии омилҳои номатлуби иҷтимоӣ хеле баланд мебошад.


Пешвои миллат бо такя ба модарони заҳматқарини мамлакат зимни яке аз суханрониҳояшон ба ифтихори Рӯзи Модар иброз намуда буданд, ки «ман ба неруи ақлонию зеҳнии занону модарони давлатамон такя месозам, чунки пешрафту шукуфоӣ ва ояндаи ҳамин миллати тамаддунсоз, сарзамини биҳиштосо, фарҳангу арзишҳои миллӣ ва ояндаи наслҳои имрӯзу ояндаи миллат ба занону модарон вобаста аст».

Таъкид гардид, ки дар раванди татбиқи амалии сиёсати Ҳукумати мамлакат дар самти дастгирии занону духтарон  раёсати Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, ки айни замон дар ин муассисаи таълимӣ беш аз 300 нафар занону духтарон фаъолият менамоянд, ба баланд бардоштани шароити иҷтимоии онҳо таваҷҷуҳи аввалиндараҷа равона месозад. Кӯшиш ба харҷ дода мешавад, ки тамоми имконоту захираҳои мавҷудаи донишгоҳ бобати муҳайё сохтани шароити мусоиди фаъолияти занон истифода шавад.

Иброз гардид, ки занону духтарони донишгоҳ тамоми саъю кӯшишашонро ба таълиму тарбияи дурусти ҷавонон ва омодасозии мутахассисони баландихтисос равона менамоянд.

Дар анҷоми ҷамъомади тантанавӣ ба омӯзгорону донишҷӯдухтарони фаъоли донишгоҳ Ифтихорнома, Сипоснома ва мукофотпулиҳо тақдим гардид.

АКС: Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон

Март 4, 2024 13:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Дарвоз Конференсияи байналмилалии «Сайёҳии устувор ва рушди зеҳни сунъӣ дар шароити муосир» баргузор шуд
Дар Хуҷанд конференсияи байналмилалии илмӣ-амалии «Мероси Суғди бостонӣ» баргузор гардид
Шаҳри Панҷакентро дар нуҳ моҳ беш аз 40 ҳазор сайёҳон тамошо намудаанд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» иқтидори сайёҳӣ ва фарҳангии Тоҷикистонро муаррифӣ менамояд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» оғоз гардид
Имконияту иқтидори сайёҳии шаҳри Душанбе дар Ҷумҳурии Мардумии Чин муаррифӣ мегардад
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд
«БАРНОМАИ РУШДИ САЙЁҲИИ ДОХИЛӢ». Дар Тоҷикистон беш аз 400 захираи сайёҳӣ, 1000 дара, 1000 кӯл ва мавзеъҳои дигари ҷолиб мавҷуд аст
ВОДИИ ЯҒНОБ- ОСОРХОНАИ ЗИНДАИ ЭТНОГРАФӢ. Ин мавзеъ таваҷҷуҳи сайёҳонро зиёдтар ҷалб менамояд
Президенти Тоҷикистон: «Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо мардуми меҳмоннавоз ва имконоти васеи сайёҳӣ маҳбубияти зиёд дорад»
МАНЗАРАҲОИ ҶОЛИБИ ТОҶИКИСТОН — САРВАТИ БУЗУРГИ САЙЁҲӢ. Эҳдо ба Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ