Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон озмуни «Нақши Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккули забони русӣ» ҷамъбаст гардид
ДУШАНБЕ, 22.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода маросими тантанавӣ ба муносибати ҷамъбасти озмуни муштараки Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷӣ ва нашрияи «Народная газета» зери унвони «Нақши Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккули забони русӣ» баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин донишгоҳ хабар медиҳад.
Нахуст бояд гуфт, ки озмуни мақолаи беҳтарин бахшида ба эълон шудани «Соли забони русӣ дар миқёси Иттиҳоди давлатҳои мустақил» зери унвони «Нақши Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккули забони русӣ» аз ҷониби Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода ва нашрияи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Народная газета» эълон гардида буд.
Дар маросими тантанавӣ намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Масрур Абдуллозода дар бораи ташаббусҳои бузургу арзишманди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди забони русӣ, омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва фароҳам овардани шароити забономӯзӣ барои наврасону ҷавонон сухан гуфта, аз гузаронидани иқдоми мақолаи беҳтарин изҳори хушнудӣ намуд.
Ректори Донишгоҳ, профессор Жило Гулназарзода ва сармуҳаррири нашрияи «Народная газета»Маҳбуба Камолова аз ташаббусҳои беназиру арзишманди Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар замони соҳибистиқлолӣ ва мақсаду ғояи гузаронидани озмун байни ҳама қишри ҷомеа сухан гуфтанд.
Жило Гулназарзода дар хусуси омӯзиши забони русӣ ва шароити фароҳамшуда дар донишгоҳ ибрози назар намуда, саҳми Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар ин самт бузургу арзишманд номид.
Намояндаи Сафорати Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Вера Хуторская аз баргузории чунин озмун ва чорабинии бошукуҳ ба масъулин арзи сипос намуда, доир ба муносибатҳои дӯстонаи Тоҷикистон ва Русия сухан гуфт.
Дар идомаи чорабинии пуршукуҳ аз тарафи ҳайати ҳакамон ғолибони озмун муайян шуда, аз ҷониби дастандаркорони ҳамоиш бо диплому мукофотпулӣ қадрдонӣ гардиданд.
Бояд гуфт, ки ғолиби Шоҳҷоизаи озмун бо мукофотпулӣ дар ҳаҷми 7000 сомонӣ, Ҷом ва диплом, ғолиби ҷойи якум бо 5 ҳазор сомонӣ, ғолибони ҷойи дуюм- ҳар кадоме бо 3 ҳазор сомонӣ ва ғолибони ҷойи сеюм- ҳар кадоме бо 2 ҳазор сомонӣ қадрдонӣ шуданд.
АКС: Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






