Дар Душанбе оид ба дурнамои ҳамкорӣ ва самтҳои ҳамгироӣ байни Тоҷикистон ва Ховари Миёна ҳамоиш доир шуд
ДУШАНБЕ, 01.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ховари Миёна: замина, дурнамои ҳамкорӣ ва самтҳои асосии ҳамгироӣ» конфронси илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ баргузор гардид, ки дар он масъалаҳои ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо давлатҳои Ховари Миёна баррасӣ гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Маркази тадқиқоти стратегӣ.
Дар кори ҳамоиш намояндагони вазорату идораҳои давлатӣ, мутахассисон ва коршиносони самти ховаршиносӣ, таҳлилгарони масъалаҳои сиёсию иқтисодӣ иштирок намуданд.
Баён гардид, ки имрӯзҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон бо давлатҳои Ховари Миёна сиёсати мутавозинро пеш мебарад. Аз ин рӯ, давоми солҳои 2023–2024 6 сафари корию давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ховари Миёна амалӣ гардид.
Ба гуфтаи директори Марказ Хайриддин Усмонзода, зарурати тақвияти ҳамкорӣ бо давлатҳои Ховари Миёна имрӯзҳо ба воқеият табдил ёфтааст ва мо наметавонем ин равандро аз мадди назар канор гузорем.
Таъкид гардид, ки тоҷикон таърихан бо мардумони ин минтақа муносибату ҳамкории дӯстонаю васеъ доштанд. Бинобар ин, тақвияти муносибатҳо бо давлатҳои Ховари Миёна ба авлавияти калидии муносибатҳои байналмилалии Тоҷикистон табдил ёфтааст.
Дар ҳамоиш вобаста ба мавзуъҳои «Ҷумҳурии Тоҷикистон ва давлатҳои Ховари Миёна: вазъ ва дурнамои ҳамкорӣ», «Ҷустуҷӯи имконоти истифоданашуда дар муносибатҳо байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва давлатҳои Ховари Миёна ва роҳҳои муассири татбиқи онҳо», «Вазъ ва дурнамои гардиши савдо ва тиҷорати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо давлатҳои Ховари Миёна» маърузаҳо шунида шуданд.
Бояд ёдовар шуд, ки Шарқи Наздик ё Ховари Миёна — номи таърихии минтақае аст, ки дар Осиёи Ғарбӣ ва Африқои Шимолӣ ҷойгир аст. Аҳолии асосии он озарбойҷониҳо, арабҳо, арманиҳо, ашшӯриён, гурҷиҳо, юнониҳо, форсҳо, яҳудиён, мисриҳо, курдҳо ва туркҳо мебошанд.
АКС: Хадамоти матбуоти Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар хоҷагиҳои шаҳри Ҳисор ҷамъоварии ҳосили пахта оғоз гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН. Дар ин давра соҳаи обуҳавошиносӣ марҳила ба марҳила рушд намуд
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Аз дастовардҳои созанда то иқтисоди рақамӣ ва инноватсия
СОҲАИ САЙЁҲӢ ВА ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Тавзеҳи 35 мавзеи ҷолиб, ки Тоҷикистонро ба ҷаҳон муаррифӣ менамоянд
АФЗОИШИ ШУМОРАИ АҲОЛӢ ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Аҳолии Тоҷикистон ҳар сол 2,2 фоиз зиёд мешавад
Дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон 3200 километр роҳҳои мошингард, 254 пул ва 43 километр нақби нақлиётӣ бунёд гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Шаршараи Ниагара бо рангҳои Парчами давлатии Тоҷикистон фурӯзон мешавад






