Дар Хатлон бо мақсади пешгирии амалҳои коррупсионӣ байни кормандони соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ҳамоиш доир шуд

Март 30, 2024 16:41

ДУШАНБЕ, 30.03.2024. /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади пешгирии амалҳои коррупсионӣ байни кормандони соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва ҳамзамон Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон гардидани соли 2024 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Раёсати тандурустии вилояти Хатлон бо намояндагони Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ доир гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Зимни вохӯрӣ иштирокдорон доир ба сабабу омилҳои пайдоиш, роҳҳои пешгирӣ ва ташаббусу иқдоми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри решакан намудани ин зуҳуроти номатлуби ҷомеа сухан гуфтанд.

«Бо назардошти он ки соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар сиёсати пешгирифтаи давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон самти афзалиятнок маҳсуб мешавад, пешгирии амалҳои коррупсионӣ низ дар ин бахши ҳаётан муҳим зери таваҷҷуҳи махсуси роҳбарияти давлат қарор дорад», —  гуфта шуд дар вохӯрӣ.

Дар ин замина кормандони соҳаи тандурустии вилоят даъват шуданд, ки ҷавобан ба дастгирӣ ва ғамхориҳои давлату Ҳукумати мамлакат дар самти фароҳам овардани шароити мусоиди фаъолият баҳри решакан намудани ин зуҳуроти номатлуби ҷомеа бештар  талош намоянд.

АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Март 30, 2024 16:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар роҳи Душанбе–Чаноқ хатҳои уфуқӣ аз нав кашида мешаванд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон доир ба зеҳни сунъӣ ва тандурустии рақамӣ конференсия доир гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба истифодаи усулҳои гармофизикӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид
САЛОМАТИИ ҶОМЕА — САРВАТИ МИЛЛАТ. Истифодаи никотин ба рушди майна ва қобилияти омӯзиш таъсири манфӣ расонад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар 10 моҳи соли 2026 беш аз 9 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бо ҷойи кор таъмин гардиданд
Дар Душанбе нахустин Форуми табибон таҳти унвони «Хатти аввал: Форуми табибони амалияи умумӣ» доир шуд
Дар Хатлон ғолибони даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» муайян шуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд