Дар Исфара дар майдони Парчами давлатӣ ниҳолҳои сояафкан шинонида шуданд

Март 10, 2024 11:00

СУҒД, 10.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Исфара дар майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади тақвияти корҳои ободониву хуррамгардонӣ бо иштироки Раиси вилояти Суғд ниҳолҳои сояафкан шинонида шуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар медиҳад.

Ин иқдом дар рӯзҳои аввали баҳор доир шуда, ифодагари сарсабзиву шукуфоии ҷумҳурӣ ва талқинкунандаи ободкориву тоза нигоҳ доштани муҳити атроф мебошад.

Мардуми Исфара тасмим гирифтаанд, ки бо мақсади ободу хуррам гардонидани кӯчаву хиёбонҳо корҳои ниҳолшинониро вусъат бахшанд. Зеро хуб дарк намудаанд, ки мутобиқи ҳидоятҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба макони боз ҳам зебову дилнишин мубаддал гардонидани Исфара ва зеббахшии он бо намудҳои гуногуни дарахтони ороишию гулу буттаҳои зебо ва ба саломатии инсон фоидаовар ба рушди соҳаи сайёҳӣ такони ҷиддӣ мебахшад.

Раиси вилоят ба роҳбарияти шаҳр барои тақвияти корҳои ободониву бунёдкорӣ, сарсабзу зебо намудани кӯчаву хиёбонҳои шаҳр ва тозаву озода нигоҳ доштани муҳити зист дастуру супоришҳо дод.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

 

Март 10, 2024 11:00

Хабарҳои дигари ин бахш

35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Соҳибкорони ноҳияи Муъминобод пул месозанд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ҷамоати Турдии ноҳияи Ҳамадонӣ беш аз 15 км роҳи маҳаллӣ сангфарш гардид
Ғолибони даври ҷумҳуриявии озмуни «Сайри гули лола» муайян шуданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Кӯшониён мағозаи армуғон, ҳунарҳои мардумӣ ва коргоҳи дӯхти либосҳои миллӣ ифтитоҳ ёфт
Дар Боғи «Ирам» намоишгоҳи ҷумҳуриявии хайриявии гулу растанӣ баргузор шуд
Дар ноҳияҳои шаҳри Душанбе нуқтаҳои партовҷамъкунӣ навсозӣ мешаванд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар вилояти Хатлон 1303 синфхона бунёд мешавад
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Пистояи Италия бо таҷрибаи пешқадами ниҳолпарварӣ ва сабзгардонии муҳити зист шинос гардиданд
Дар деҳаи Муъминободи шаҳри Ҳисор сохтмони бинои иловагии мактаб оғоз ёфт
Илму маориф дар пешрафти иқтисодию иҷтимоии давлати ҳуқуқбунёд ҷойгоҳи хосса дорад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИДАВЛАТӢ. Дар вилояти Хатлон 2762 биною иншоот мавриди истифода қарор гирифтааст
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Гулистон осоишгоҳи замонавӣ бунёд мегардад