Дар нуқтаи ташхиси сифати ҳавои шаҳри Душанбе таҷҳизоти муосир насб гардид
ДУШАНБЕ, 19.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар нуқтаи ташхиси сифати ҳавои шаҳри Душанбе бо мақсади беҳтар намудани мушоҳидаи сифати ҳаво таҷҳизоти муосир насб гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Таҷҳизот дар чаҳорчӯбаи ҳамкории самарабахши Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Институти метеорологии Финляндия дар доираи лоиҳаи «FINTAJ» (зинаи 3-юм) дастрас ва аз ҷониби мутахассисон насб гардид.
Татбиқи ин тарҳ имконият фароҳам меорад, ки минбаъд тамоми дастгоҳҳои ташхиси сифати ҳаво барои шаҳри Душанбе дар ҳамин нуқта ба меъёр дароварда шаванд.
Масъалаи мониторинги сифати ҳаво дар меҳвари таваҷҷуҳи роҳбарияти Агентии обуҳавошиносӣ қарор дошта, дар ин замина корҳои беҳтаркунии вазъи техникии нуқтаҳои мушоҳидавӣ пайваста амалӣ мегарданд.
АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон










Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад






