Дар Олмон ҳамкории Тоҷикистон бо намояндагони соҳаи сайёҳии давлатҳои хориҷӣ ва ширкатҳои байналмилалӣ баррасӣ шуд

Март 10, 2024 14:54

ДУШАНБЕ, 10.03.2024 /АМИТ «Ховар»/.  Дар ҳошияи иштирок дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии ITB -Berlin 2024, ки дар шаҳри Берлини Ҷумҳурии Федеративии Олмон баргузор гардид, вохӯрии муовини якуми Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Холматиён бо як зумра намояндагони соҳаи сайёҳии давлатҳои хориҷӣ ва ширкатҳои сайёҳии байналмилалӣ, аз ҷумла сардори Департаменти рушди Маъмурияти миллии сайёҳии Гурҷистон Анна Кекелия, намояндаи Wanderlust Давид Риид, намояндаи телевизиони History Люсия Ламберт, намояндаи давлати Қатар ва намояндагони Fairmont Серен Файоми, Trescher Verlag Baltic Exposervice доир шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин кумита хабар медиҳад.

Зимни вохӯрӣ масъалаҳои мубрами соҳаи сайёҳӣ, аз ҷумла рушди ҳамкорӣ барои ҷалби сайёҳони хориҷӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳия намудани хатсайрҳои сайёҳии мухталиф, табодули таҷриба ва дигар масъалаҳо мавриди муҳокима қарор дода шуданд.

Ҳамзамон аз ҷониби муовини якуми раиси кумита Рустам Холматиён имконоти сайёҳии Тоҷикистон, аз ҷумла сайёҳии шикор, экологӣ, табобатию солимгардонӣ ва кӯҳнавардӣ муаррифӣ шуданд.

Вохӯрӣ дар фазои якдигарфаҳмӣ ва ҳусни тафоҳум ба анҷом расида, ҷонибҳо ҳавасмандиашонро барои густариши ҳамкории минбаъда иброз доштанд.

АКС: Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Март 10, 2024 14:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи Президент дар пойтахт хатсайрҳои сайёҳии маърифатӣ ташкил карда шуданд
РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН — РӮЗИ АРҶГУЗОРӢ БА МЕЪМОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ ТОҶИКОН ДАР АРСАИ ҶАҲОНӢ. Андешаҳо дар ин маврид
Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Доир ба ҳолати пиряхҳои Тоҷикистон дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти илмӣ баргузор шуд
Дар нуҳ моҳи соли 2026 ба Тоҷикистон беш аз 1,5 миллион сайёҳ ташриф оварданд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии WTM дар Лондон иштирок дорад
Иқтидорҳои сайёҳии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «World Travel Market — 2026» дар шаҳри Лондон муаррифӣ мешаванд
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
«БАРНОМАИ РУШДИ МИНТАҚАИ САЙЁҲИИ РОҒУН». Дар доираи амали он роҳҳо мумфарш, хатсайрҳои сайёҳӣ зиёд ва инфрасохтори хизматрасонӣ беҳтар карда шуд
Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ба гардишгарони ҳавзаи Шурои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷ муаррифӣ гардиданд
Дар Дарвоз Конференсияи байналмилалии «Сайёҳии устувор ва рушди зеҳни сунъӣ дар шароити муосир» баргузор шуд