Дар Покистон бар асари боронҳои шадид 28 нафар ҳалок ва 50 нафари дигар захмӣ шуданд
ДУШАНБЕ, 04.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бар асари боронҳои шадиди ду рӯзи охир дар Покистон 29 нафар ҳалок ва 50 нафари дигар захмӣ шуданд. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба «Синхуа» хабар медиҳад, дар ин хусус рӯзи якшанбе мақомоти давлатӣ хабар додаанд.
Бар асари боришоти шадид чанд хона фурӯ рехта, дар натиҷаи фаромадани ярч ҳаракати нақлиёт дар роҳҳо, бахусус дар шимолу ғарби вилояти Хайбар-Пахтунхва манъ шудааст.
Бар асари ҳодисаҳои марбут ба боронҳои шадид рухдода аз шоми панҷшанбе инҷониб дар вилояти Хайбар-Пахтунхва 23 нафар ҳалок шудаанд. Ҳамзамон дар музофоти Балуҷистон, воқеъ дар ҷанубу ғарби мамлакат бар асари обхезӣ панҷ нафар ҳалок шудааст.
АКС аз манбаъҳои боз








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






