Дар роҳи Душанбе-Чанок 21 тармаи хурду калон бартараф гардид
ДУШАНБЕ, 11.03.2024. /АМИТ «Ховар»/. Бинобар бориши шиддатноку давомдори барф ва тармафароии бениҳоят зиёди рӯзҳои охир дар роҳи Душанбе – Чанок 9 -10 март кормандони ширкат дар минтақаҳои Варзоб, Зарафшон ва Шаҳристон 21 тармаи хурду калонро бетаъхир бартараф намуданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин ширкати саҳомӣ.
Шаҳрвандон бояд дарк намоянд, ки бо назардошти мавқеи ҷуғрофии ҷойгиршавӣ роҳи Душанбе — Чанок нигоҳубини 24-соатаро талаб намуда, каме беэътиноӣ ба нигоҳдории ин роҳ пайомади ногувор ба амал меорад.
Шаҳрвандон шоҳид ҳастанд, ки дар мавсими сармо кормандони «IRS» шабонарӯзӣ роҳро бо маводи зиддилағзиш коркард намуда, ҳазорҳо тармаро бетаъхир бартараф месозанд, автомобилҳои дар роҳ дармондаро ба макони амн интиқол медиҳанд, мусофиронро муваққатан дар хонаҳои устоҳои роҳ ҷойгир ва ба ронандагону мусофирон ғизо тақсим менамоянд.
Бо фаро расидани гармо сарбории кормандони ширкат зиёдтар шуда, таъмири куллӣ ва ҷории роҳ (зиёда аз 2 миллион метри мураббаъ таъмир гардида, бо ин мақсад қариб 300 000 тонна асфалт сарф шуд), нигоҳдории 36 пул (ин кор низ бо харҷи ниҳоят зиёд амалӣ гардида, 3 пули калон пурра навсозӣ гардид), тоза намудани ҷӯйборҳои канори роҳ, насби аломатҳои он, соҳилмустаҳкунӣ, бунёди пойдеворҳо, кашидани хатҳои уфуқӣ ва дигар корҳои марбут ба нигоҳдории роҳи Душанебе – Чанок бо истифода аз масолеҳи хушсифат ва ҷалби мутахассисони болаёқат амалӣ мешавад.
Бояд гуфт, ки ҳангоми таҷдиди роҳи Душанбе — Чанок аз рӯи лоиҳа деворҳои ҳимоявӣ (парпетҳо) вуҷуд надоштанд. «IRS» бо ташаббуси худ, баҳри таъмини бехатарии шаҳрвандон дар масофаи 16 000 метри тӯлонӣ чунин деворҳоро бунёд намуд, ки то ин вақт чандин ҳамватанонамонро аз марг наҷот додаанд.
Дар масире, ки роҳи Душанбе – Чанок ҷойгир аст, ягон корхонаи истеҳсоли асфалт ва дигар масолеҳи сохтмонии барои бахши роҳсозӣ зарурӣ вуҷуд надошт. Давоми солҳои фаъолият дар минтақаи Варзоб 3 корхона, дар Зарафшон- 3, Суғд- 4 завод, дар маҷмуъ, 10 корхона мавриди истифода қарор гирифт.
Ҳоло «IRS» соҳиби пойгоҳи пурқуввати техникӣ буда, шумораи техникаву механизмҳои он ба 218 адад расидааст. Дар оянда зиёд намудани он дар мадди назар аст, зеро бе техникаву механизмҳои муосир тибқи талабот фаъолият намудан ғайриимкон аст.
АКС: Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво рӯзона то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Шароит ва имконияти таҳсил дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат беҳтар карда мешавад
ИҚТИСОДИ «САБЗ». Тоҷикистон барои амалисозии он заминаи муносиб фароҳам овард
Дар вилояти Суғд ҳаҷми истеҳсоли тухм афзоиш меёбад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар ҶДММ «Бозори Корвон плюс» вохӯрӣ доир шуд
Интернет барои идора: чӣ тавр метавон кормандонро бо дастрасии боэътимод таъмин кард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Сокинони ноҳияи Лахш имсол дар майдони 5552 гектар картошка шинонданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад






