Дар самти таъмини алоқаи мобилии бефосила Ситоди доимамалкунанда таъсис дода шуд
ДУШАНБЕ, 09.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ситоди доимамалкунанда дар самти таъмини алоқаи мобилии бефосила дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус дар шаҳри Душанбе таъсис дода шуд.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти алоқа хабар медиҳад, мақсади асосӣ аз таъсиси ин ситод озод намудани сарбории фаъолияти шабакаҳои алоқаи мобилӣ буда, дар кӯтоҳтарин муҳлат дар қаламрави ҷумҳурӣ, махсусан шаҳри Душанбе тадбирҳои амалӣ андешида мешаванд.
Ситод дар ҳайати Сардори Хадамоти алоқа – сардори ситод, директори Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази мутобиқати электромагнитӣ ва радиомониторинг»- муовини сардор ва аъзои ситод аз ҳисоби роҳбарони ҷамъиятҳои саҳомии пӯшидаи «Вавилон-М», «Индиго Тоҷикистон», «Таком» ва «ТТ-Мобайл» таъсис дода шуд.
Ҳайати ситод ҳар ҳафта ҷаласа гузаронида, оид ба бартараф намудани мушкилоти ҷойдошта тадбир меандешад.
АКС: Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






