Дар Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Душанбе Маркази мониторинги камераҳои мушоҳидавӣ фаъол гардид

Март 29, 2024 10:15

ДУШАНБЕ, 29.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади солимгардонии муҳити зист, баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ ва риояи фарҳанги шаҳрнишинӣ дар Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Душанбе бо иштироки Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти ҷумҳурӣ Баҳодур Шерализода ва муовини Раиси шаҳри Душанбе Толиб Раҳимзода Маркази мониторинги камераҳои мушоҳидавӣ фаъол гардид, ки  он 24 соат фаъол буда, сабтҳои назоратияш аз нуқтаҳои насбшуда дар таҷҳизоти мониторингии он ҳифз ва нигоҳдорӣ мешаванд. Дар ин хусус котиби матбуоти Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Душанбе Саидаҳмади Акрампур ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд иттилоъ дод.

Сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Душанбе Лоиқ Раҳмонзода иброз дошт, ки бо ташаббуси роҳбарияти Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ба «шаҳри сабз» табдил додани пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон-шаҳри Душанбе,  солимгардонии муҳити зисту баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ ва риояи фарҳанги шаҳрнишинӣ дар 50 нуқтаи осебпазири нуқтаҳои партовҷамъкунии шаҳраку маҳаллаҳои ноҳияҳои пойтахт камераҳои мушоҳидавӣ насб шуданд.

Аз ин лиҳоз дар Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти шаҳри Душанбе  Маркази мониторинги камераҳои мушоҳидавӣ таъсис дода шуд, ки дар он 4 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардида, пайваста тариқи камераҳои мушоҳидавӣ назорат мебаранд. Ин  тадбири экологӣ имкон медиҳад, ки қонунвайронкуниҳо дар самти экологӣ, махсусан дар ҷойҳои номуайян ҷойгир намудани партов ошкор гашта, фавран нисбат ба қонуншиканҳо чораҷӯӣ карда шавад.

Фаъолияти минбаъдаи камераҳои мушоҳидавӣ дар беҳбуд ёфтани вазъи экологии пойтахт ва ба маротиб кам гаштани қонуншиканиҳо дар самти ҷойгир намудани партов дар минтақаҳои осебпазир нақши муҳим дошта, дар баробари ин маърифату  тарбияи экологии аҳолӣ баланд гардида, қонунҳои амалкунандаи самти экологӣ риоя мешаванд.

Таҷҳизот аз ҳисоби лоиҳаи Барномаи мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва кам намудани таъсири он дар ҳавзаи Баҳри Арал, ки аз ҷониби Кумитаи ҳифзи муҳити зист амалӣ мегардад, харида шуда, насбу васли он аз ҷониби ширкатҳои ватанӣ анҷом дода шуд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки барои ба «шаҳри сабз» табдил додани пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон-шаҳри Душанбе саҳм гузошта, баҳри таъмини беҳдошти муҳити зист корҳои ободонӣ, созандагӣ, ниҳолшинонӣ ва ҳашарҳои экологӣ гузаронад. Бо мусоидати роҳбарияти Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кӯчаҳои асосии пойтахт қуттиҳои хурди партов гузошта шуда, ҳар сол дар мавсими сабзазоркунӣ зиёда аз 6-7 ҳазор ниҳоли ороишӣ дар минтақаҳои гуногуни ноҳияҳои пойтахт шинонида мешавад.

Зимни муаррифии Маркази камераҳои мушоҳидавӣ масъулини Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфтанд, ки ин иқдом дар сатҳи ҷумҳурӣ аввалин маротиба буда, бо ин ҳолатҳои қонунвайронкунӣ зери назорати доимӣ қарор мегиранд ва бобати тозаву озода ва ба шаҳри озода табдил додани пойтахти мамлакат тадбирҳои судманд фавран андешида мешаванд.

АКС: Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Душанбе

Март 29, 2024 10:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Иштирокдорони ҳамоиш дар Душанбе ҷойгоҳи Айнӣ дар ташаккули мафкураи миллиро баррасӣ намуданд
РУШДИ ФАНҲОИ ТАБИАТШИНОСӢ, ДАҚИҚ ВА РИЁЗӢ. Бахшида ба он дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Дар Душанбе дар мавзуи «Маърифати ҳуқуқӣ-омили муҳими таҳкими давлатдории миллӣ» конфронси байналмилалӣ доир шуд
Мафкураи солим ва дониши мукаммал омили муҳими рушди устувор ва амнияти ҷомеа мебошад
27-28 апрел дар Тоҷикистон ҳавои боронӣ пешгӯӣ мешавад
Бар асари обхезӣ дар Танзания 155 нафар ба ҳалокат расид
Дар Донишкадаи исломии Тоҷикистон вобаста ба мубориза бар зидди ифротгароӣ ва хурофотпарастӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Кӯлоб ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсози мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор шуд
Дар фестивали Олмон зиёда аз 720 ҳолати сироятёбӣ ошкор гардид
Гурӯҳи кории Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар Бартанг бо вазъи соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ шинос шуд
Фазои Либия ва Юнони ҷанубӣ бар асари ғубори биёбони Сахара ранги норанҷӣ гирифтааст
Мақомоти Чин барои минтақаҳое, ки аз селу обхезӣ зарар дидаанд, беш аз 15 миллион доллар ҷудо намуданд