Дар шаҳри Хуҷанд Намоишгоҳи X байналмилалии савдо «Суғд-2024» доир мегардад

Март 31, 2024 17:00

ДУШАНБЕ, 31.03.2024. /АМИТ «Ховар»/. 17-19 июни соли 2024 дар Муассисаи давлатии «Қасри варзиш»-и шаҳри Хуҷанд Намоишгоҳи X байналмилалии савдо «Суғд-2024» гузаронида мешавад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Намоишгоҳи X байналмилалии савдо «Суғд-2024» бо мақсади дастгирии савдои байналмилалӣ, баланд бардоштани неруи содиротӣ, амалӣ намудани ҳамкории судманд бо давлатҳои хориҷии дуру наздик, ҷалби сармоя, воридсозии технологияи нав, густариши ҳамкорӣ байни давлатҳои минтақа ва созмонҳои байналмилалии молиявӣ соли даҳум аст, ки дар вилояти Суғд ташкил мешавад

Дар доираи Намоишгоҳи X байналмилалии савдо «Суғд-2024» ҳамзамон гузаронидани Форуми тиҷоратию сармоягузорӣ низ ба нақша гирифта шуда, дар ин ярмарка ширкату корхонаҳои истеҳсолии Тоҷикистон маҳсулоти гуногунро муаррифӣ намуда, барои дарёфти бозори нав бо шарикони рушд созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо мерасонанд.

Ёдовар мешавем, ки соли 2023 дар Намоишгоҳи IX байналмилалии савдо «Суғд-2023», ки 22 — 24  июн доир гардида буд, 500 меҳмон аз Федератсияи Русия, Қазоқистон, Узбекистон, Беларус, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Туркия, Арабистони Саудӣ ва Корея Ҷанубӣ иштирок намуданд.

АКС аз манбаъҳои боз

Март 31, 2024 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд