Дар шаҳри Турсунзода оид ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии сокинон мулоқот доир шуд

Март 5, 2024 10:49

ДУШАНБЕ, 05.03.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар Ҷамоати деҳоти Навободи шаҳри Турсунзода бахшида ба Соли маърифати ҳуқуқӣ вохӯрии Раиси шаҳри Турсунзода ва роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо сокинон доир  шуд, ки зимни он баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон аз тадбирҳои саривақтӣ дар марҳилаи нави ташаккули ҷомеаи соҳибистиқлоли Тоҷикистон унвон гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба мақомоти шаҳр.

Ҳадафи асосии вохӯрӣ таҳким бахшидани ҳамкории милитсия бо ҷомеа буда, ба масъалаҳои баланд бардоштани  маърифати ҳуқуқӣ, таҳкими худшиносиву худогоҳии ҷавонон, пешгирии кирдорҳои зиддиҳуқуқӣ байни ҷавонон ва дар якҷоягӣ бо аҳли ҷамоат муайян намудану  рафъи сабабу шароите, ки ба ҳамроҳшавии ҷавонон ба ифротгароӣ мусоидат менамоянд, нигаронида шуд.

Гуфта шуд, ки имрӯз бо шарофати суръати азими дигаргунсозии иҷтимоӣ, печидатар шудани муносибатҳои сиёсӣ, равандҳои афзояндаи иттилоотонӣ ва рақамикунонӣ масоили маърифати ҳуқуқӣ ва тарбияи ҳуқуқӣ на танҳо муҳим боқӣ мондаанд, балки мазмуни нав касб менамоянд.


Таъкид гардид, ки барои бунёди ҷомеаи демократӣ зарур аст, ки дар баробари ҳамаи тадбирҳои дигари бунёдкорӣ ҳамагон ҳамчун шаҳрванд ҳуқуқу озодӣ ва вазифаҳояшонро хеле хуб ва дар сатҳи зарурӣ донанд ва аз он самараноку пурмаҳсул истифода намоянд. Ҳамчунин қонун ва қоидаҳои қабулгардидаро баҳри зиндагии сазовор дуруст ва бо камоли ақл дар зиндагии рӯзмарра амалӣ намоянд. Дар ин замина нақши Конститутсия дар ташаккули маърифати ҳуқуқӣ басе муҳим ва асосӣ маҳсуб мешавад.

Ҳамзамон дар вохӯрӣ масъалаҳои пешгирии тақлид ба фарҳанги бегонаи либоспӯшӣ, даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, риояи талаботи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» таҳлилу баррасӣ гардиданд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода

Март 5, 2024 10:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад