Дар Тоҷикистон ситод оид ба баррасии муроҷиатҳои шахсони барои содир намудани амалҳои экстремистиву террористӣ дар кофтуков қарордошта таъсис дода мешавад
ДУШАНБЕ, 09.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз зимни мулоқот бо намояндагони аҳли ҷомеа ва ходимони дин Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон супориш доданд, ки дар назди Прокуратураи генералӣ ситод оид ба баррасии муроҷиатҳои шахсони барои содир намудани амалҳои экстремистиву террористӣ дар кофтуков қарордошта таъсис дода шавад.
Таъкид гардид, ки роҳбарияти давлат ҷиҳати бахшиши гуноҳ ва ба зиндагии осоишта ҳидоят намудани шахсони ба ҷиноят дастзада пайваста чораҷӯӣ менамояд. Дар даврони соҳибистиқлолӣ 17 маротиба санадҳои авф қабул гардида, зиёда аз 170 ҳазор ҷинояткор аз ҷавобгарии ҷиноятӣ ва ҷазо озод карда шудаанд.
Илова бар ин, Пешвои миллат тазаккур доданд, ки бо иқдоми башардӯстонаи роҳбарияти мамлакат ба қонунгузории ҷиноятӣ тағйиру иловаҳо ворид карда шуда, муқаррар гардид, ки дар сурати ихтиёран даст кашидани шаҳрвандон аз иштирок дар фаъолияти гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ, инчунин, қатъ намудани иштироки минбаъда дар задухӯрдҳои мусаллаҳона дар ҳудуди дигар давлатҳо онҳо аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда мешаванд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар даҳ соли охир 1640 нафар ба Ватан баргаштанд ва парвандаҳои ҷиноятӣ нисбат ба онҳо қатъ карда шуданд. Танҳо соли 2023 328 нафар ва дар ду моҳи соли ҷорӣ 140 нафар шаҳрвандон аз ин имконият истифода намуданд.
«Аммо ҳоло 4075 нафар шаҳрвандони мамлакат барои содир намудани амалҳои экстремистиву террористӣ дар кофтуков қарор доранд, — ёдовар шуданд Сарвари давлат. — Вобаста ба ин, Прокуратураи генералӣ ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ вазифадор карда мешаванд, ки корро дар самти ба Ватан баргардонидани онҳо, инчунин, бо ҷойи корӣ таъмин намудани чунин шахсон ва шаҳрвандони аз муассисаҳои ислоҳӣ озодшуда ба таври қатъӣ ҷоннок намоянд».
Президенти мамлакат ба ин шаҳрвандон муроҷиат намуда, иброз доштанд, ки онҳо метавонанд дилпурона ба Ватан баргарданд ва аз имкониятҳои дар қонун пешбинигардида истифода намоянд.








Ҷаласаи Платформаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ дар соли 2026 баргузор гардид
Кормандони гумрук аз гардиши ғайриқонунӣ 4 қуттӣ маҳсулоти тамокуӣ дарёфт ва мусодира намуданд
Байни Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон ва Вазорати корҳои дохилии Русия Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Прокурори ҳарбии гарнизони Суғд: «Нақши Ваҳдати миллӣ дар рушди Қувваҳои Мусаллаҳ ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ беназир аст»
Маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад
Дар Душанбе корхонаи ғайриқонунии истеҳсоли доруворӣ ошкор гардид
Натиҷаҳои даъвати шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҷамъбаст гардиданд
ФАРЗАНДОНИ ХУДРО БЕНАЗОРАТ НАГУЗОРЕД! Ҳангоми шиноварӣ қоидаҳои бехатариро бояд риоя намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи вазирони корҳои дохилии давлатҳои аъзои СҲШ дар Бишкек иштирок намуд
Тоҷикистон ва Эрон ҳамкориро дар самти мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ тақвият мебахшанд
Эмомалӣ Собирзода дар ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок кард
РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ НАЗОРАТИ МАВОДИ НАШЪАОВАР. Ба ин муносибат ҷаласаи тантанавӣ баргузор гардид






