Дар Тошканд густариши ҳамкорӣ байни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Тоҷикистон ва Узбекистон баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 29.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Амалӣ намудани ҳамкорӣ байни Донишгоҳи миллии таҳқиқотии «Институти муҳандисони обёрӣ ва механизатсияи кишоварзии Тошканд» бо Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шотемур ва Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ зимни мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода бо муовини Ректор оид ба масъалаҳои ҳамкории байналмилалии ин донишгоҳ А. Салоҳиддинов дар Тошканд баррасӣ гардид.
АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон иттилоъ медиҳад, ки мусоҳибон ҳамзамон доир ба масъалаҳои марбут ба густариши ҳамкорӣ байни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаҳои гидроэнергетика, обёрӣ, мелиоратсия, техникаи инноватсионӣ ва технология дар соҳаи кишоварзӣ, технологияҳои обёрии каммасраф, манбаъҳои барқароршавандаи энергия, геодезия ва геоинформатика, экология ва ҳифзи муҳити зист ибрози назар намуданд.
Инчунин дар мулоқот гузаронидани таҳқиқоти илмӣ, ташкили конфронсҳои байналмилалии илмӣ ва табодули донишҷӯён муҳокима шуд.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






