Дурнамои нишондиҳандаҳои асосии рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон дар соли 2025 баррасӣ гардид

Март 7, 2024 16:22

ДУШАНБЕ, 07.03.2024. /АМИТ «Ховар»/.  Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳрҳои Роғун, Ваҳдат ва ноҳияҳои Файзобод, Варзоб муаррифии дурнамои нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ин шаҳру ноҳияҳо дар соли 2025 ва параметрҳои асосии он барои солҳои 2026-2027 баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Фарҳод Восидиён мақсад аз баргузории ҷаласаро иҷрои сифатноки дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти дарёфти манбаъҳои нави рушд, баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, истифодаи самараноки имконияту захираҳои мавҷуда, ба кор андохтани иқтидори нав, фаъол гардонидани иқтидори амалкунанда ва дар маҷмуъ таъмини рушди иқтисоди мамлакат арзёбӣ намуд.

Таъкид гардид, ки ҳангоми таҳияи дурнамои нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ дар соли 2025 ва параметрҳои асосии он барои солҳои 2026-2027 муқаррароти консепсияҳо, стратегияҳо, барномаҳои қабулгардидаи давлатию соҳавӣ ва барномаҳои минтақавии рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳру ноҳияҳо бояд ба инобат гирифта шавад.

Тибқи нақшаи кории тасдиқгардида, муаррифии дурнамои нишондиҳандаҳои асосии рушди иҷтимоию иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва дигар шаҳру ноҳияҳо моҳҳои март ва апрел анҷом дода мешавад.

 АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон

Март 7, 2024 16:22

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд