Дурнамои нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Турсунзода, Ҳисор, Шаҳринав, Рашт, Тоҷикобод, Лахш ва Нуробод муаррифӣ шуд

Март 13, 2024 15:20

ДУШАНБЕ, 13.03.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо муаррифии дурнамои нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳру ноҳияҳои Турсунзода, Ҳисор, Шаҳринав, Рашт, Тоҷикобод, Лахш ва Нуробод дар соли 2025 ва параметрҳои асосии он барои солҳои 2026-2027 баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховра» бо истинод ба Вазорати рушди иқтисод ва савдо.

Муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Фарҳод Восидиён  иброз намуд, ки мақсад аз баргузории ин ҷаласа таъмини иҷрои сифатноки дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти рушди иҷтимоию иқтисодии минтақаҳо, истифодаи самараноки имконияту захираҳои мавҷуда, ба кор андохтани иқтидори нав ва дар маҷмуъ таъмини рушди иқтисоди миллӣ дар сатҳи на кам аз 8 фоиз мебошад.

Ба намояндагони шаҳру ноҳияҳои гуфташуда тавсия дода шуд, ки ҳангоми таҳияи дурнамо барои соли 2025 ва параметрҳои асосии он барои солҳои 2026-2027 ба иҷрои дастуру супоришҳои муҳтарам Роҳбари давлат, ки ҳангоми сафарҳояшон ба минтақаҳои ҷумҳурӣ баён намудаанд, инчунин муқаррароти Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025, Барномаи давлатии рушди содирот барои солҳои 2021-2025, Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисоди рақамӣ барои солҳои 2021-2025, барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳру ноҳияҳо ва дигар барномаҳои соҳавию минтақавӣ диққати аввалиндараҷа диҳанд.

Дар ҷаласа аз ҷониби шахсони масъули шаҳрҳои Турсунзодаю Ҳисор, ноҳияҳои Шаҳринав, Рашт, Лахш ва Нуробод дурнамои нишондиҳандаҳои асосии рушди иҷтимоию иқтисодӣ дар соли 2025 ва параметрҳои асосии он барои солҳои 2026-2027 муаррифӣ гардид.

Баъд аз баррасии нишондиҳандаҳои пешниҳодгардидаи ин шаҳру ноҳияҳо барои расидан ба ҳадафҳои олии мамлакат қарорҳои дахлдор қабул гардид.

АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон

Март 13, 2024 15:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар арафаи ҷашни Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Рашт чор иншооти нав ба истифода дода шуд
Дар Раёсати минтақавии гумрукӣ дар Бадахшон татбиқи Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия баррасӣ шуд
Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ҳамкориро бо 67 муассисаи илмӣ ва таълимии давлатҳои хориҷӣ густариш медиҳад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Барои довталабон ва шахсони масъули рушди захираҳои инсонӣ дар низоми бонкии Тоҷикистон оид ба барномаи JISPA ҳамоиш доир шуд
Дар «Тоҷикаэронавигатсия» татбиқи Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Форуми ҳайати фармондеҳони Маркази омӯзишҳои таҳқиқотии Шарқи Наздик ва Осиёи Ҷанубӣ иштирок намуд
Маҳсулоти пешрафтаи рақамӣ (digital)-ро кӣ ва чӣ гуна таҳия менамояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе 176 кило гӯшти бедонаи ба талаботи бехатарӣ ҷавобгӯнабуда мусодира гардид
Дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ намоишҳои фурӯши либос ва лавозимоти мактабӣ идома дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд